Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашеви 26-сола ба дастаи “Қизилқум”-и Суперлигаи Ӯзбекистон гузашт.

Агенти футболбоз Кова Тилавпур ба хадамоти матбуоти ФФТ дар ин робита хабар додааст, ки Ҷаҳонгир Эргашев бо тими “Қизилқум” то охири мавсим қарордод ба имзо расонидааст.

То ин дам Эргашев дар дастаи “Хуҷанд” бозӣ карда, соли гузашта ҳамроҳи ин тим ба дарёфти медалҳои нуқраи чемпионат шарафёб гардид.

Дар мавсими соли гузашта “Қизилуқм” дар мусобиқаи Суперлигаи Ӯзбекистон зинаи 11-умро ишғол кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.