Дар толори Hard Rock Hoteland Casino-и Голливуд мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта ё PFL (Professional fight league) дар вазни сабук доир гардид.

Дар чаҳорчӯби ин мусобиқа варзишгари маъруфи тоҷик Лоиқ Раҷабови 30-сола ва Рауш Манфиои 29-сола аз Бразилия қувваозмоӣ карданд.

Бо қарори якдилонаи ҳакамони мусобиқа (48-46, 48-46, 49-46) Рауш Манфио ғолиб дониста шуд.

Дар мусобиқаҳои ММА ин пирӯзии 15-уми варзишагри бразилиягӣ аст (4 бохт). Дар навбати худ, Раҷабов бори чорум аст, ки ба шикаст дучор мешавад (12 ғалаба), хабар медиҳад championat.com.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.