Пулиси Душанбе як сокини 33-солаи ноҳияи Нурободро бо гумони сӯиқасд ба куштор ва озору азияти муҳоҷирон дар Русия боздошт кардааст.
Раёсати ВКД дар Душанбе бо нашри ин хабар аз ӯ Расулҷон Расулов ном бурда, гуфтааст, ки дар шаҳри Сахалини Русия муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро шиканҷа ва латукӯб мекардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ӯ аз ҷумла, се маротиба талош кардааст, ки як сокини ноҳияи Панҷро бо таппончаи осебрасон ба қатл расонад ва ба ҳамин мақсад тарафи ӯ тир кушодааст. Дар натиҷа тир ба ду тоҷики дигар расидааст ва онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Аммо манбаъ мушаххас нагуфтааст, ки пас аз тир хӯрдан худи сокини ноҳияи Панҷ осеб дидааст ва ё кушта шудааст.
Айни ҳол Дотситонии кули Тоҷикистон алайҳи Расулов бо гумони сӯиқасд ба куштор (моддаи 32 қисми 4 кодекси ҷиноӣ) ва одамкушӣ (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Бар асоси ин ду иттиҳом ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин нафар ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Вале назари худи ӯ ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастраси расонаҳо нашудааст.
Пулиси Душанбе гуфтааст, нафароне, ки мавриди озору азияти Расулов қарор гирифтаанд, метавонанд тавассути рақамҳои 222-90-90 ва 222-24-36 ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон барои озори ҳамвати худ дар Русия нест. Пештар низ вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори рус гурӯҳи мутташаккили ҷиноятиро ошкор кардааст, ки дар ҳудуди Русия ба гаравгонгирию таҳдид ва тороҷи муҳоҷирони кории тоҷик машғул будаанд.
ВКД гуфт, Муҳаммадҷон Маннонов ва Бобоқул Қориев аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Сафаралӣ Қулматов аз ноҳияи Ёвон ва Комрон Забирзода аз шаҳри Ҳисор ба бо таҳдиду зӯрӣ аз 100 ҳазор то 2 миллион рубли русии муҳоҷирони кории тоҷикро ғорат кардаанд.
Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб: “Марги сарбоз Ботир Эргашев таҳқиқ мешавад”
Ифтитоҳи чанд корхона ва мактаби варзишӣ. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд идома дорад
Тоҷикистон дар раддабандии донистани забони англисӣ се зина боло рафт
Боз як тағйирот дар Ҳизби демократи Тоҷикистон. Ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода муовини нав интихоб шуд
Дар моҳи октябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 3,8 млн доллар барқ интиқол дод
Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ 100% иҷро шуд
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста