Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 2-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар мусобиқаи байни наврасон 7 нафар (6 писар, як духтар) ва дар мусобиқа байни ҷавонон 9 нафар писар намояндагӣ мекунанд.
Ба дастаи наврасони Тоҷикистон 7 нафар варзишгар - Ҷасур Лутфишоев (52 кг), Сируш Эркаев (66 кг), Муҳаммад Юсуфзода (73 кг), Суннатулло Мусоев (90 кг), Сомонӣ Кишваров (+90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (+90 кг) ва Меҳрона Маҳмадзода (60 кг) шомиланд.
Ҳайати дастаи ҷавонони ҷумҳурӣ аз 9 нафар - Хурсанд Куганов (66 кг), Абӯбакр Шеров (66 кг), Муҳаммадиқбол Тошев (73 кг), Масуди Аҳмадзод (73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (81 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Раҳматулло Мирзоев (100 кг), Мансур Раҳмон (100 кг), Давлатҷон Назриев (+100кг) иборат аст.
Мусобиқаҳо байни наврасон рӯзҳои 2-3 декабр ва байни ҷавонон рӯзҳои 4-5 декабр баргузор мешаванд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар чемпионат миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар чемпионат миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлати қора ширкат меварзанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.