Имрӯз дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и пойтахт маросими пуршукӯҳи тақдими мукофотҳои Лигаи футболи Тоҷикистон доир гардид. Аз рӯи натиҷаҳои мавсими гузашта дар лигаи олӣ ва якум, инчунин мусобиқа байни ҷавонон (дастаҳои дуюм) беҳтаринҳо муайян шуданд.

Ҳамчунин нишонзанҳои беҳтарини лигаи олӣ ва якум ба мукофотҳои худ соҳиб шуданд. Дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо се нафар довталабон буданд.

Мувофиқи овоздиҳии Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозигарони зерин ба ҷоизаҳои инфиродии мавсими футболи соли 2021 сазовор дониста шуданд:

Бозингари беҳтарини Лигаи якум

Далер Шарипов («Пахтакор»);

Нишонзани беҳтарини Лигаи якум

Абдуфаттоҳ Худойдодзода («Локомотив-Помир»);

Мураббии беҳтарини Лигаи якум

Ҳикмат Фузайлов («Регар-ТадАЗ»);

Бозингари беҳтарини мусобиқа байни ҷавонони Тоҷикистон

Аминҷон Алиаҳмадов («Равшан»);

Мураббии беҳтарини мусобиқа байни ҷавонони Тоҷикистон

Шарифҷон Зиёев («Хуҷанд»);

Довари беҳтарин

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе);

Дарвозабони беҳтарин

Рахат Ҷапаров (КМВА, ЦСКА);

Ҳимоятгари беҳтарин

Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»\»Персеполис»);

Нимҳимоятгари беҳтарин

Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА);

Ҳамлагари беҳтарин

Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»);

Легионери беҳтарини чемпионати Тоҷикистон

Артём Сердюк («Хуҷанд»);

Мураббии беҳтарин

Виталий Левченко («Истиқлол»);

Нишонзани беҳтарини Лигаи олӣ

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

1/12

Рӯзи шанбе, 25 декабр дар маҷмааи “Кохи Парфенон” дар Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин маросим ғолибон дар панҷ номинатсия - чеҳраи умедбахши Лигаи наврасон, футзалисти беҳтарин, футболбоззани беҳтарин, бозингари беҳтарини Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунад ва футболбози беҳтарини сол эълон мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.