Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии нави Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) беҳтар кард. Мавқеи даста таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Мегрт аз зинаи 114-ум то зинаи 108-ум боло баромад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мавқеи даста ба туфайли ҳунарнамоии муваффақона дар марҳилаи интихобии гуруҳӣ дар Ҷоми Осиё беҳтар шуд. Дар моҳи июн мунтахаби Тоҷикистон чаҳор бозӣ анҷом дод – дар бозии дӯстона аз тими миллии Сурия дар Дубай шикаст хӯрд (0:1) ва ду пирӯзӣ бар тимҳои миллии Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ба даст овард. Инчунин дар ин мусобиқа бо дастаи Қирғизистон мусовӣ (0:0) кард.

Гуфта мешавад, миёни дастаҳои қораи Осиё тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 20-ум қарор дорад.

Панҷгонаи аввали дастаҳои беҳтарини футболи ҷаҳон дар радабандии ФИФА чунин аст: Бразилия, Белгия, Аргентина, Фаронса ва Англия.

Байни дастаҳои Осиё мисли пешина тими Эрон пешсаф буда, дар зинаҳои баъдӣ Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Қатар қарор доранд.

Миёни кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон ба зинаи 77-ум баромада, Қирғизистон дар мақоми 95-ум боқӣ монд ва Туркманистон ба зинаи 135-ум поин рафт.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.