Бозии даври 1-уми мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё  байни ҷавонон (U-20) миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сингапур мусовӣ - 0:0 анҷом ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ бо бартарияти пурраи футболбозони тоҷик сурат гирифта, лекин муяясар нашуд, ки ба дарвозаи ҳарифон тӯб ворид кунанд. Дар дақиқаи 62-юми бозӣ футболбозони тоҷик зарбаи 11-метраро низ ба ҳадаф расонида натавонистанд.

Сурат: fft.tj

Гуфта мешавад, дар бозии дигари гурӯҳи «I» футболбозони ҷавони Лубнон тими Қамбоҷаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.

Ду бозии боқимондаи дастаи Тоҷикистон рӯзҳои 16 сентябр бо Лубнон ва 18 сентябр - бо Камбоҷа доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё (U-20) дар гурӯҳи «I» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқот ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон доир мешавад, роҳ меёбанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал пас аз 1 давр:


Бозиҳои боқимонда дар гурӯҳ:

Даври 2-юм

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.