Дар мусобиқаи 4-уми байнулмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” иштироки 100 нафар варзишгарон аз 24 кишвари ҷаҳон пешбинӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ҷавонони шаҳрдории Душанбе.

Мусобиқа рӯзи 19 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, Тоҷикистонро дар он 30 нафар гӯштингирон намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарон аз рӯи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг байни ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, гирандагони зинаҳои дуюм - бо 7 ҳазор доллар ва сеюм - 3 ҳазор доллар қадрдонӣ мешаванд.

Ба Душанбе омадани варзишгарони хориҷӣ аз рӯзи 17 март оғоз мешавад.

Дар ин мусобиқа иштироки намояндагони давлатҳои Фаронса, Италия, Юнон, Руминия, Нигерия, Уммон, Кувейт, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Арманистон, Булғористон, Русия, Беларус, Муғулистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.