Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон чанде пеш дар Абу-Дабӣ бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бозии санҷишӣ гузаронида, он мусовӣ - 0:0 анҷом ёфт. Дирӯз футболбоони тоҷик ба Ал-Кувейт омаданд.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳайати дастаи Тоҷикистон 23 футболбоз ба Кувейт омада, ҳимоятгар Ваҳдат Ханнонов ба дастаи худ - “Персеполис”-и Эрон рафт.

Бозии санҷишӣ байни дастаҳои Кувейт ва Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 28 март дар Варзишгоҳи байнулмилалии Ҷабер Ал-Аҳмад, ки 60 ҳазор ҷойи нишаст дорад, баргузор мешавад.

Бозӣ соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ (00:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯрии 10-уми мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт аст. Дар 10 вохӯрӣ тими мунтахаби ҷумҳурӣ дар 5 бозӣ дастболо шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар 2 вохӯрӣ ба шикаст дучор шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.