Собиқ сармураббии бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе Игор Черевченко аз таассуроташ дар бораи ғалабаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар бозии даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 изҳори назар кард.
Рӯзи 28 январ дар Қатар бозии даври 1/8 финалии Ҷоми Осиё оид ба футбол байни дастаҳои Тоҷикистон ва АМА доир гардид. Вақти асосии бозӣ мусовӣ - 1:1 анҷом ёфта, дар силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони тоҷик бо ҳисоби 5:3 дастболо шуданд.
“Ифтихор дорам. Тоҷикистон ватани ман аст. Барои комёбиҳои ватанам ҳамеша хурсандам. Аз футболбозон, ситоди мурабииён ва мухлисон миннатдорам”, - иброз доштааст ӯ ба портали metaratings.ru.
“Бар ин назарам, ки бояд дар вақти асосӣ ғолиб омада, бозиро то зарбаҳои 11-метра намерасониданд, - гуфтааст вай. - Лаҳзаҳаои хуби голзанӣ буд. Амороти Муттаҳидаи Араб қариб ягон лаҳзаи хубе ҳам ташкил карда натавонистанд, ба ҷуз ба паҳлучӯби дарвоза бархӯрдани тӯб дар охири бозӣ. Метавон бозии хуби дарвозабон Рустам Ятимовро зикр кард. Аҳсант ба ҳамаи футболбозон, тамоми қувваашонро барои ғалаба сарф карданд ва ба он ноил гардиданд”.
Ба ақидаи ӯ, ба 8-гонаи беҳтарин дастаҳои қораи Осиё шомил шудани Тоҷикистон пешрафти арзанда ва муваффақияти бузург аст.
“Ин ғалаба бисёртар ба туфайли Федератсияи футболи Тоҷикистон, бахусус президенти Федератсия ва президенти ҷумҳурӣ ба даст оварда шуд, зеро онҳо ба футбол таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд”, - зикр кардааст ӯ.
Черевченко дар бораи сармурабии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт низ бо қаноатмандӣ ва самимият изҳори назар кард:
“Мо бо ӯ вохӯрии зиёд надоштем, лекин суҳбати самамӣ дар хотир мондааст. Ҳамаи ситоди мураббиёни “Истиқлол” ва ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон ҷамъ омада, якуним соат суҳбат доштем.
Сегрт ба ман таассуроти хуб гузошт. Намедонам, ки ӯ дар бораи ман чӣ фикр дорад (механдад), лекин мо ҳамаи футболбозон ва масъалаҳоро баррасӣ кардем. Суҳбати хеле хуб доштем”.
Ёдрас мекунем, ки дар даври 1/4 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт рӯзи 2 феврал бо ғолиби бозии ҷуфти 1/финалии Ироқ - Урдун бозӣ мекунад.