Собиқ сармураббии мунтахаби футболи Русия, дастаҳои “Помир”-и Душанбе ва “Локомотив”-и Маскав Юрий Сёмин дар бораи иштироки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023 дар Қатар изҳори назар кард.
Бо Мурабии шоистаи ҶШС Тоҷикистон, собиқ сармурабии тими “Помир”-и Душанбе Юрий Сёмин рӯзноманигори нашрияи “Фергана” суҳбат кардааст.
“Аввалин иштироки мунтахаби Тоҷикистон бобарор шуд. Пеш гузаштан аз Чин дар гурӯҳ комёбии бузург аст. То ин дам тоҷикистониҳо аз иҷрои вазифаи муваффақона бозӣ кардан дар гурӯҳ ба хубӣ баромаданд. Муҳиту фазои мусобиқаи бузургро эҳсос намуда, таҷрибаи бебаҳо гирифтанд”, - гуфт Сёмин.
Ӯ илова намудааст, ки сарфи назар аз бозиҳои минбаъдаи Тоҷикистон, муҳим аст, ки ин дастовард як бор набошад.
"Ба рушди футболи кӯдакону наврасон сармоягузорӣ кардан лозим аст", - таъкид кардааст мураббии футбол.
Ба савол дар бораи баҳогузорӣ ба фаъолияти Петр Сегрт Сёмин чунин посух додааст:
“Вазифаи сармурабии тими мунтахаб ҷамъоварии беҳтаринҳо дар як даста аст. Ӯ бояд як шахси рӯҳбаландсоз ва равоншинос бошад. Ҳозир кори Сегрт хуб аст. Азму фидокории бозингарони дида мешавад. Аммо саҳми мураббиёни даста, аз ҷумла ҳамон Черевченко, ки бозигаронро хуб омада кард, низ хеле арзанда аст".
Сёмин таъкид доштааст, ки дастгирии ҳукумат ва шахсан президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вақти муҳим, пеш аз вохӯрӣ бо Лубнон бозигаронро рӯҳбаланду ба ғалаба ҳидоят кард, низ ба футболбозон таъсир расонид.
Ёдрас мекунем, ки дар давраи 1/8 финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуда, ба даври 1/4 финалии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин давр футболбозони тоҷик бо дастаи ғолиби ҷуфти 1/8 финалии Ироқ - Урдун бозӣ мекунанд.