ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 28 ЯНВАР
Соли 1930 – Рӯзномаи ӯзбекзабони “Қизил Тоҷикистон”, ки ҳоло “Халқ овози” ном дорад, таъсис ёфт.
Соли 2007 – Дар Тоҷикистон лагерҳои муштараки омӯзишии низомии Тоҷикистону Амрико оғоз ёфтанд.
Соли 2013 – Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи “Танзими муомилоти маҳсулоти тамоку” ба имзо расид.
Соли 2015 – Дар шаҳри Кӯлоб Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Соли 2016 – Дар Чин барои нахустин бор нисбати як тоҷик ҳукми эъдом содир шуд. Шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон Ҳасан Юсуфов, ки дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам дониста мешуд, ба қатл расонида шуд.
Соли 2020 – Президенти Тоҷикистон дастур дод, ки дар робита ба коронавирус нуқтаҳои сарҳадӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1904 – Зодрӯзи Сайдалӣ Бурҳонов, журналист, яке аз поягузорони матбуот ва радиои тоҷик.
Соли 1930 – Мавлуди Лайло Шарифӣ, овозхони тоҷики озаритабор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Лайло Шарифӣ дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ зода шудааст. Аммо бо сабабҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон омада, соли 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст.
Ӯ сараввал дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Вақте дар назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ – “Гулшан” созмон дода шуд, Лайло Шарифӣ роҳбари бадеии он гардид. Аммо баъдан аз Тоҷикистон рафт ва солҳои охири умраш дар Олмон мезист.
Лайло Шарифӣ 19-уми феврали соли 2024 дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар 94-солагӣ даргузашт.
Соли 1942 – Зодрӯзи Рустам Мирзоев, ходими давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон.
Соли 1945 – Мавлуди Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадор, ходими давлатӣ.
Соли 1956 – Мавлуди Олим Салимзода, ходими давлатӣ, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон.
Вай соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, соли 1978 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент аст.
Олим Салимзода солҳои 1991-94 сардори раёсати табъу нашр ва муносибатҳои байналмилалии Вазорати матбуот ва иттилооти Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2000 дар вазифаҳои муовини аввал ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ӯ чанд давра вакили парлумон буд ва яке аз вакилоне, ки ба рӯзноманигорон дастрас буд. Ӯ аз соли 2009 то 2020 раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии порлумони Тоҷикистон буд.
Соли 1975 – Мавлуди Дилафрӯз Саидӣ, номзади илмҳои техникӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар Хуҷанд.
Соли 1984 –Ғанӣ Абдулло, драматург ва шоири тоҷик дар 71-солагӣ аз олам даргузашт.

Ғанӣ Абдулло дар соҳаи драматургия саҳми бориз дорад. Ӯ, ки муддатҳо роҳбари бадеии Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буд, чандин асарҳояш дар театр саҳнагузорӣ шудаанд. Муаллифи драмаҳои “Вахш”, “Рустам ва Суҳроб”, “Шӯриши Восеъ”, “Ҳуррият”, “Ҷомӣ ва Навоӣ”, “Сарбозони инқилоб” буда, барои драмаҳои “Ҳуррият” ва “Сарбозони инқилоб” сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ гардидааст.
Ғанӣ Абдулло 28 январи соли 1984 дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт. Ҳоло яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номаш гузошта шудааст.
Соли 2017- яке аз иқтисоддонҳои умедбахши тоҷик Константин Бондаренко дар синни 37-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Аз соли 2007 инҷониб ҳамасола 28 январ Рӯзи байналмилалии ҳифзи маълумот таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба он хотир ташкил шудааст, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ риояи қоидаҳоро дар интернет фаромӯш накунанд.

Ин сана ба солгарди имзои Конвенсияи Шӯрои Аврупо аз 28 январи соли 1981 дар бораи ҳифзи шахсони воқеӣ дар робита ба коркарди автоматии маълумоти шахсӣ рабт мегирад. Конвенсияи мазкур аввалин санади байналмилалии ҳатмӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсӣ гардид, ки механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро ба дахлнопазирӣ муайян намуда, инчунин таърифи мафҳуми “маълумоти шахсӣ”-ро пешниҳод кардааст.
Ҳамасола 28-уми январ Рӯзи ҷаҳонии бекорӣ таҷлил мешавад. Дар бораи ташаббускорони ҷашн маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Ҳадаф аз таъсиси Рӯзи ҷаҳонии бекорӣ ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукумат ба мушкилоти шуғл мебошад.

28 январи соли 1986, соати 11:38-и субҳ ҳафт кайҳоннавард тавассути киштии фалакпаймои “Челленҷер” ба кайҳон “сафар” карданд. Парвоз ҳамагӣ як дақиқаю 13 сония давом карду “Челленҷер” таркид ва шикастаҳои киштӣ дар майдони васеъи уқёнуси Атлантик пароканда шуданд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 28 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 3+8º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 33-38º сард, дар баъзе минтақаҳо то 42-44º сард, рӯзона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8-10º сард, рӯзона -1+1º.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста