Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) довталабон (номинантҳо) ба дарёфти ҷоизаҳои ҳамасоларо эълон кард. Маросиси тақдими ҷоизаҳои «AFC Annual Awards» рӯзи 29 октябр Донишгоҳи Кёнхи дар Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад.

Дар рӯйхати довталабон ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Файзалӣ Сардоров аз Тоҷикистон низ қарор дорад. Ҳамчунин ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Саид Аҳмад Аббосӣ (Эрон) ва Дилшод Раҳматов (Ӯзбекистон) низ довталабӣ мекунанд.

Дар дигар номинатсияҳои ҷоизаҳо намояндагони Тоҷикистон нестанд. Сегонаи аввали довталабон ба унвони беҳтарин футзалисти Осиё аз намояндагони Урдун - Язан Ал-Наймат, Корея - Сёл Юнг-Ву ва Қатар - Акрам Афиф иборат аст.

Файзалӣ Сардоров (либоси сафед, №9)
Сурат аз ФФТ

Намояндагони Осиёи Марказӣ дар се номинатсия пешниҳод шудаанд. Ба ҷуз Сардоров (Тоҷикистон) ва Раҳматов (Ӯзбекистон), дар категорияи “беҳтарин футзалист” Аббос Файзуллоев (Ӯзбекистон) ҳамроҳи намояндагони Ҷопон Гаку Навата ва Корея - Бэ Чжун Хо  ба унвони беҳтарин бозингари ҷавон довталабӣ мекунанд.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба дарёфти унвони беҳтарин федератсияи минтақавӣ (ҳамроҳ бо Федератсияҳои футболи Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Ҷанубӣ) пешниҳод шудааст. Рӯйхати пурраи довталабон (номинантҳо) дар сомонаи КФО қобили дарёфт аст.

Қобили зикр аст, ки Сардоров дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 иштирок карда, дар Таиланд ду голро ба ҳадаф расонид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.