Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани 20 ҳазор сомонӣ айдор шуда, бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Абдухолиқзода А.А. аз 7-уми ноябри соли 2017 то майи соли 2024 дар вазифаи мутахассис - мушовири Суди вилояти Суғд фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш ба ҷинояти қаллобӣ даст задааст.
“Моҳи апрели соли 2024 Абдухолиқзода А.А. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Б.А.Қ. даромада, дидаву дониста аз он, ки ваколати бекор кардани қарорҳои раиси шаҳри Истаравшан ва ба ҳолати аввала бар гардонидани қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии шаҳрванд Б.А.Қ.-ро надорад, аз номбурда худи ҳамон вақт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд маблағи 20 000 сомонӣ талаб карда гирифт”, - менависад Агентии зиддифасод.
Гуфта мешавад, ки Абдухолиқзода баъди гирифтани 20 ҳазор сомонӣ ба манфиати шаҳрванд Б.А.Қ. ягон амалро иҷро накарда, маблағи зикршударо тасарруф намуд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд зарари ҷиддии моддӣ расонид.
Ҳоло алайҳи Абдухолиқзода А.А. бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в”, “г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.
Ин банди қонун аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 26 ҳазору 280 то 65 ҳазору 664 сомонӣ) ҷарима ё аз 2 то 5 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Бояд гуфт, дар нимсолаи аввали соли 2024, ба гуфтаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, се додрас ба ҷавобарии ҷиноӣ ва 7 додрас ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Давоми нӯҳ сол бошад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 26 додрасро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод кардааст.
Ҳарчанд дар фармонҳо дар бораи кирдор мушаххас чизе гуфта нашудааст, вале мувофиқи иттилои расонаҳо, аксари додрасҳо бо гумони ришваситонӣ боздошту зиндонӣ шуданд.
“Агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста