Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии гӯштини Осиё, ки аз 25 то 30 март дар Аммон (Урдун) доир мегардад, иштирок мекунанд. Айни замон 20 кишвар хоҳиши иштирок кардаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи гӯштингирии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Қасри ба номи шоҳдухтар Сумайя баргузор мешавад. Мусобиқа аз рақобати намояндагони гӯштини тарзи юнониву румӣ оғоз гардида, сипас қувваозмоиҳо байни занон доир мегарданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон легионерҳо аз Ёқутистон Айаал Белолюбский ва Виктор Рассадин низ шомил шуданд. Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бишкек Айаал зинаи 11-умро касб карда, Виктор ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё:

Гӯштини тарзи озод: Айаал Белолюбский (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Мустафо Аҳмедов (65 кг), Виктор Рассадин (70 кг), Магомед Евлоев (79 кг), Салимҷони Ҳалимзода (86 кг).

Гӯштини тарзи юноний румӣ: Аслам Азизов (60 кг), Суннат Абдуллоев (67 кг), Лоиқи Амирхонзода (72 кг), Муслиҳиддин Уроқов (77 кг), Ҳабиб Зуҳуров (82 кг), Суҳроб Абдулхаев (87 кг), Эдуард Бабеношев (97 кг).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.