Аз лиҳози шумори ташрифи сайёҳон ба Ӯзбекистон дар соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол намудаанд.

Бино ба иттилои Podrobno.uz бо такя ба маълумоти Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон, соли 2018 дар маҷмӯъ қариб 1,1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя боздид кардаанд.

Гуфта мешавад, зинаи аввалро дар ин росто Қазоқистон касб кардааст, ки ҳудуди 2,3 млн. нафар шаҳрвандони ин кишвар соли гузашта ба Ӯзбекистон ташриф овардаанд.

Дар мақоми сеюм бо 1 055 688 сайёҳи ташрифоварда ба Ӯзбекистон Қирғизистон ҷойгир буда, ба сурати умум соли гузашта аз кишварҳои ИДМ беш аз 5 млн. нафар аз Ӯзбекистон боздид кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки байни кишварҳои хориҷи дур зинаи аввалро Туркия – беш аз 41 ҳазор сайёҳи ташриифоварда ба Ӯзбекистон, мақоми дуюмро Чин – 32 ҳазору 444 нафар ва ҷойи сеюмро Кореяи Ҷанубӣ – 27 ҳазору 269 нафар сайёҳон касб кардаанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон, як сайёҳ аз Туркманистон ба ҳисоби миёна дар Ӯзбекистон – 104 доллар, Тоҷикистон – ҳудуди 60 доллар ва сайёҳ аз давлатҳои хориҷи дур – тақрибан 710 доллар маблағ харҷ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.