Қозидавлат Қоимдодов роҳбари Бунёди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (AKDN) таъин шуд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Дар ин вазифа ӯ покистонӣ Акбар Алӣ Песнаниро иваз намуда, нахустин роҳбари AKDN – шаҳрванди Тоҷикистон хоҳад шуд. Қаблан асосан покистониҳо ба ин мансаб таъин мешуданд.

Изҳороти расмӣ дар бораи ба ин мансаб таъин шудани Қозидавлат Қомидодов алҳол садо надодааст.

Дар Бунёди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки алҳол маълумот дар бораи таъини ӯро ба ин мансаб шарҳу тавзеҳ дода наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, Қозидавлат Қоимдодов дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ хабар додааст, ки бар пояи созишномае, ки миёни Тоҷикистон ва АКДН вуҷуд дорад, номзадии ӯ ба ҳайси раҳбари нави созмон тасдиқ шуда, президенти Тоҷикистон ва масъули АКДН ҳам бо ин тасмим розӣ шудаанд.

Аз ҳафтаи оянда Қозидавлат Қоимдодов расман ба фаъолият дар ин мансаб шӯрӯъ мекунад.

“Бо тарҳҳову барномаҳои ин созмон дар Тоҷикистон ҳануз аз наздик ошно нестам, чунки 14 сол набудам ва дар ин 14 сол Тоҷикистон дар кадом соҳаҳо пешрафт кардааст ва дар кадом бахшҳо андак ақиб мондааст - мо бояд ин масъалаҳоро бо ҳукумат баррасӣ кунем ва кӯмак кунем, ки боз пешрафт кунем. Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки бо ҳукумат аз нав дида мебароем”, - иброз доштааст Қоимдодов дар мусоҳиба.

То соли 2017 Қозидавлат Қоимдодов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Беларус, ҳамзамон дар Литва, Латвия ва Эстония ифои вазифа мекард. Соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон ба нафақа баромад.

Гуфта мешавад, Бунёди Оғохон оид ба рушд, ки аз соли 1992 дар Тоҷикистон амал мекунад, дар ин кишвар 3500 корманд дорад ва барномаҳои он ба рушди манотиқи кӯҳӣ ва мусоидат дар пешрафти иҷтимоиву иқтисоди Тоҷикистон равона шудааст. Шабакаи Оғохон оид ба рушд танҳо соли гузашта дар ин кишвар 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.