Бо қарори ҳукумат аз 31 майи соли равон муқаррарот ва ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили идоракунии хавфҳои молиявиӣ (фискалӣ)-и корхонаҳои давлатӣ тасдиқ карда шуд.
Дар муқаррароти Шӯро қайд мешавад, ки мақомоти нави машваратии назди ҳукумат бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорӣ кардани идоракунии маъмурӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи давлат дар онҳо беш аз 50%-ро ташкил медиҳад, таъсис дода мешавад.
Шӯро ба таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати идоракунии хавфҳои молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ машғул хоҳад шуд. Ғайр аз ин, мақомоти нав ҷараёни амалисозии Стратегияи идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатиро пайгирӣ (мониторинг) мекунад.
Ҷаласаҳои Шӯро на камтар аз ду маротиба дар як сол ва дар сурати зарурати марбут ба масоили муҳим, ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.
Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатиро муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ба роҳбарӣ мегирад. Ба ҳайати Шӯро ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин сардори Раёсати идоракунии молиявии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ шомиланд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.