Сарояндаи машҳури тоҷик Нозияи Кароматулло, ки чанд муддат ҳунарнамоӣ намекард, дар бораи пазмони саҳна шуданаш сухан ронд. Нозия ва бародараш Муҳаммадрофеъ имрӯз меҳмони Радиои Asia-Plus буданд.

“Ман хеле пазмони саҳна шудам ва дар назди оина суруд мехондам, - нақл кард Нозия. - Чун оиладор шудам ва фарзандони хурдсол доштам, вақту имкон надоштам, ки зиёдтар эҷод кунам. Албатта, аз мухлисони азизам узр мехоҳам! Акнун кӯшиш мекунам, он рӯзҳоеро, ки набудам, дубора пур кунам”.

Ӯ гуфт, ки дар ояндаи наздик консерти наваш баргузор мешавад. Ҳамчунин равшанӣ андохт, ки Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ба чӣ кор машғул аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.