Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 21 май ба 2350 нафар расид. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 210 ҳолати нави бемории Covid-19 сабт шуд.

Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус - covid.tj хабар медиҳад, шабонарӯзи гузашта боз 3 каси дигар аз ин беморӣ вафот карда, шумори умумии фавтидагон то ин дам ба 44 нафар расид.

Тибқи маълумоти ин портал, то имрӯз 1008 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Аз ҷумла, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, рӯзи 21 май аз беморхонаи шаҳрии №1 (1-ум Советский) 30 кас ба хонаҳояшон рухсатӣ шуданд. Гуфта мешавад, онҳо зери муоинаи табибон қарор гирифта, пас аз 14 рӯзи муолиҷа ҷавоб дода шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазир ва раиси ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус Қоҳир Расулзода дастур дод, ки мунтазам тариқи ВАО дар бораи пандемия дар кишвар маълумоти дурусту ҳақиқӣ дода шавад.

“Ҳамеша дар бораи теъдоди сирояти шаҳрвандон, шифоёфтагону фавтидагон хабар диҳед, пинҳон накунед - мардум бояд ҳақиқатро донад”, - қайд кард президент.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.