Аввали моҳи ноябр дар Тоҷикистон ҳам рӯзона ва ҳам шабона гарм хоҳад шуд, вале дар даҳаи дуюми моҳ, бахусус шабона, ҳарорати ҳаво метавонад поин равад. Аз маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба ОИ “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар баъзе ноҳияҳо то нимаи моҳ низ метавонад сарди фарояд.
Тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар нимаи дуюми моҳи ноябр боришот дар назар аст. Дар водиҳо, боришот метавонад дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар доманакӯҳҳову ноҳияҳои кӯҳӣ ва дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ аз меъёр зиёд бошад.
“Баъзан суъати шамол ба 15-20 м/с мерасад ва шумо низ бояд ба фаромадани туман омода бошед”, - қайд карданд дар марказ.
Пешгӯии муфассалбарои минтақаҳо:
Дар вилояти Хатлон ва водиҳои тобеи ҷумҳурӣ: Ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо 8-10 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо 6-7 дараҷа гармӣ дар назар аст. Аввалҳои моҳи ноябр шабона 7—12, рӯзона 18—23.
Боришот дар нимаи дуюми моҳ дар баъзе ҷойҳо аз меъёр зиёд мешавад. Дар баъзе рӯзҳо шамол то 15-20 метр дар як сония афзоиш ёфта, туман фаро мерасад.
Вилояти Суғд: Ҳарорати моҳи ноябр ба меъёр наздик аст. Дар водиҳо 6—7, дар кӯҳсор 1+2 дараҷа гарм. Дар аввали моҳ ҳаво дар водиҳо шабона 5-10, рӯзона 12-17, дар кӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Бориш дар нимаи дуюми моҳи ноябр дар водиҳо қариб тибқи меъёр буда, дар кӯҳсор каме зиёд мешавад. Шамол то 15-20 м/с вазида, эҳтимоли фаромадани туман мавҷуд аст.
Ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ: Ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди муқаррарӣ дар назар аст: 1-6 дараҷа гарм. Аввали мохи ноябр дар вилоят шабона 2—7 дараҷа ва рӯзона 11—16 дараҷа гарм мешавад.
Дар даҳаи дуюм шабона -3+2 ва рӯзона 6-11 дараҷа ва баъзан аз ин ҳам паст шудани ҳарорат дар назар аст. Бориш дар нимаи дуюми мохи ноябр дар доираи меъёр дар назар дошта шуда бошад ҳам, вале дар навоҳии ғарбии ВМКБ аз меъёр зиёд шуда метавонад. Дар баъзе рӯзҳо шамоли сахт то 13-18 м/с мевазад ва туман мефарояд.
Дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ: Ҳарорати миёнаи моҳона дар моҳи ноябр дар доираи меъёри иқлимӣ дар назар аст: аз 10 то -12 дараҷа. Ҳарорат дар давоми моҳ метавонад тағйир ёбад, шабона аз 8 то 15 дараҷа, баъзан ҳатто то 20 дараҷа ва рӯзона аз 7 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Зимнан, охири моҳи октябр дар Тоҷикистон гарм шуд - ҳарорати ҳаво тақрибан то 30 дараҷа гарм мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон бо вуҷуди гарм будани ҳаво тавсия медиҳад, ки ҳангоми сайру гашт дар кӯҳистон, чаронидани чорво ва ҷамъоварии занбӯруғ дар манотиқи кӯҳӣ чораҳои бехатарӣ андешад.
Дар ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба КҲФ тавассути телефонҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат кунанд.