Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2023-ро эълон кард.
Ба иттилои роҳбари Ассотсиатсия Нарзулло Латифов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони се намуд – бокс, ҷудо ва кураш дохил шуданд.
Ба даҳгона варзишгарони зерин шомил гардиданд:
Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Тошканд дар вазни то 63,5 кг, ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе;
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332095/1.jpg)
Миҷгона САМАДОВА (бокс) - барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 57 кг, соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024;
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332095/2.jpg)
Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) - барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 81 кг, ғолиби “Tоскӯлоҳи бузург” дар Остонаи Қазоқистон ва Гран-при дар Душанбе, барандаи медали биринҷии мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” дар Тошканд;
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332095/3.jpg)
Давлат БОЛТАЕВ (бокс) – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 92 кг, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024, ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе;
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332095/4.jpg)
Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни +100 кг, ҷоизадори нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешти Венгрия, соҳиби медалҳои нуқраи “Tоскулоҳи бузург” дар Остонаи Қазоқистон ва Гран-при дар Душанбе;
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332095/5.jpg)
Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 73 кг, ҷоизадори нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешт, ҷоизадори биринҷии мусобиқоти Гран-прии Душанбе;
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332095/6.jpg)
Хайрандеш МУРОДЗОДА (кураш) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 66 кг, ҷоизадори биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Ашқободи Туркманистон;
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332095/7.jpg)
Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Tоскулоҳи бузург” дар вазни то 66 кг дар Тошканд;
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332095/8.jpg)
Абӯбакр ШЕРОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни то 73 кг дар Одивеласи Португалия, соҳиби нишони нуқраи чемпионати Осиё миёни навҷавонон дар Тошканд;
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332095/9.jpg)
Фариноз АБДУЛЛОЕВА (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон миёни духтарон дар вазни то 52 кг дар Еревани Арманистон, соҳиби медали биринҷии чемпионати Осиё миёни духтарон дар Остонаи Қазоқистон.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332095/10.jpg)
“Бояд гуфт, ки медали биринҷии Баҳодур Усмонов дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2023 дар риштаҳои олимпӣ мебошад. Бинобар ин, ӯ барои ин дастовардаш беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф гардид.
Инчунин Миҷгона Самадова, ки дар риштаи бокс барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ гардида, дар байни варзишгарони тоҷик соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 шуд, беҳтарин варзишгари сол дар миёни занон маҳсуб мешавад”, - иброз дошт раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов.
Дар мавод суратҳо аз АЖРВТ ва КМО ҶТ истифода шудааст.