Ҷасади ду тоҷики дигарро, ки дар ҷанг бо Украина аз ҷониби Русия ширкат мекарданд, ба Ватан оварданд. Дар ин бора “Настояшее время” бо такя ба тарҳи “Мигрант медиа” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳар ду фавтида зодаи ноҳияи Ишкошим буданд. Айни ҳол, журналистон шахсияти танҳо як нафари онҳоро муайян кардаанд.
Ин нафар Содиқ Камбарови 36 сола будааст. Ба гуфтаи наздикон, мард дар Украина дар ҳайати артиши Русия меҷангид ва дар ҳамон ҷо кушта шуд. Расман, рӯзи фавти Камбаров 18 июл навишта шудааст.
Шахсияти нафари дуюмро ҳукумати ноҳия то ҳол эълон накардааст. Барои муайян кардани ин, “Мигрант медиа” ба ҳукумати ноҳия мактуби расмӣ ирсол карда, ҳоло посух нагирифтааст.
“Солҳои охир ҳар ду фавтида дар Русия зиндагӣ ва кор мекарданд. Бо эҳтимоли зиёд онҳоро маҳз дар ҳамон ҷо барои иштирок дар ҷанг ҷалб кардаанд” - хабар медиҳад “Настояшее время”.
Ҳукумати ноҳияи Ишкошим дар навбати худ сокинонро аз хатари иштирок дар чунин ҷангҳо ҳушдор додааст.
"Омили дигаре, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, иштироки шаҳрвандони мо дар ҷангҳоаз ҷониби кишварҳои хориҷӣ мебошад. Ин хеле ташвишовар ва даҳшатнок аст. Амалҳои ҳамватанони мо обрӯи Тоҷикистон ва тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон паст мекунанд. Пеш аз ҳама, ин кори гуруӯҳҳои манфиатдори давлатҳои алоҳида аст, ки аз содалавҳӣ, камтаҷрибагӣ ва нодонии қисме аз ҷавонони мо истифода мебаранд», - менависад “Настояшее время” аз номи ҳукумати ноҳия.
Ба иттилои "Би-би-си" ва "Медиазона", ба ҳолати моҳи сентябри соли ҷорӣ 51 тоҷикистонӣ дар ҷанги Русия ва Украина кушта шудаанд. Шумораи умумии низомиёни фивтидаи Русия 68 ҳазорро ташкил медиҳад.
Аз ҷой барнахостани намояндаҳои Толибон ҳангоми пахши сурудҳои миллии Эрону Покистон баҳсбарангез шуд
Либосу борхалта, куртаҳо ва матоъи миллӣ. Фестивали атласу адрас дар Душанбе
Як мард барои куштори зани ҳомилааш 25 сол равонаи зиндон шуд
Баррасии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва истирдоди ҷинояткорон. Мулоқоти Игор Краснов бо Юсуф Раҳмон
Тоҷикистон истеҳсоли биринҷро зиёд кардааст, вале ҳоло ба содироти он омода нест
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Болотарин кайфари гуноҳ"
Дар КҲФ сабабҳои тез-тез сабт шудани заминларзаро дар ВМКБ шарҳ доданд
Театрҳои кишвар бо кадом намоишнома мавсими нави театриро оғоз мекунанд?
Ба ҷои КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Кумита дар назди ҳукумат. Мушкилиҳои чандсолаи соҳа ҳал мешавад?
Тоҷикистон дар бозии дуюми Ҷоми ҷаҳони футзал ҳам шикаст хӯрд, аммо...
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста