Сабаби асосии тез-тез сабт шудани заминларзаҳо рӯзҳои ахир дар маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ пасларзаҳо ё худ афтершокҳо мебошанд, ки баъди заминларзаи рӯзи 27 августи соли равон рух доданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
“Тайи 24 соати охир дар ВМКБ як силсила заминларза ба қайд гирифта шуд, ки дар миёни мардум “тафсир”-ҳои зиёдеро ба бор овард, - омадааст дар хабари Кумита. - Бо мақсади пешгирии воҳима ва ё нофаҳмӣ дар байни аҳолӣ Кумита аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хостори тавзеҳот шуд”.
Афтершок (анг. Aftershock) – пасларза. Ба заминларзаи хурдтаре гуфта мешавад, ки пас аз як заминларзаи бузургтари қаблӣ ва дар ҳамон минтақа рӯх медиҳад. Агар як пасларза аз заминларзаи пеш аз худ бузургтар бошад, номи пасларза ба заминларзаи аслӣ тағйир мекунад ва заминларзаи аввалия пешларза ном мегирад.
Гуфта мешавад, маркази зилзилаи 4,9 балл рӯзи 27 август дар 25 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ, дар минтақаи шикасти зеризаминии Бартанг-Пшарт воқеъ буд. Қувваи заминларза дар Хоруғ 4-4,5 баллро ташкил дод.
Ба иттилои Кумита, пас аз ин шаби 18 сентябр дар ин мавзеъ боз се заминларза бо шиддати M=4,3, M=4,2 ва M=4,1 ба қайд гирифта шуд, ки ҳамчунин ба ҳамон шикасти зеризаминӣ марбут буда, пасларза (афтершок) маҳсуб меёбанд.
“Пасларзаҳо мумкин аст соатҳо, рӯзҳо ва ҳатто моҳҳо идома кунанд, ки як ҳодисаи маъмулӣ аст”, - хотиррасон кардаанд дар КҲФ.
Кумита аз аҳолии маҳаллӣ даъват кардааст, ки аз ин ҳодисаҳо нигарон набошанд, зеро қаламрави ВМКБ яке аз ноҳияҳои аз зилзилахез дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳар сол дар ҳудуди он заминларзаҳои шиддаташон гуногун дар умқи мухталиф ба қайд гирифта мешаванд.
“Биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳрҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ воқеъанд, ба заминҷунбии 8 - 9 балл тобовар буда, ин бехатарии иловагии онҳоро таъмин мекунад”, - таъкид мекунанд дар Кумита.
Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки “муҳим аст одамоне, ки дар навоҳии зилзилахез истиқомат мекунанд, чораву тадбирҳои хеле одии амниятӣ андешанд ва донанд, ки дар вақти заминларза чӣ бояд кунанд”.
“Такони замин тарсовар аст ва хеле нохушкунанда, вале то анҷоми он шумо роҳи дигаре ба ҷуз сабр надоред, - тавсия медиҳанд дар ин ниҳод. - Аз ин рӯ ором бошед ва ботаваҷҷуҳ. Дар ин сурат шумо шонси бештари безарар мондан аз заминларза хоҳед дошт. Гузашта аз ин одамони дигар ба шумо пайравӣ мекунанд ва ин худ бурди онҳост”.
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста