Дар шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим як мошини “Тангем” ба дарёи Панҷ чапа шудаааст. КҲФ маълум кардааст, ки дар дохили мошин танҳо ронанда буда, баъди берун овардани мошин ҷасадро пайдо накардаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода, навиштааст, ки ин ҳодиса рӯзи 30-юми ноябр дар километри 20-уми шоҳроҳи мазкур, ки аз ҳудуди деҳаи Даштаки ҷамоати Нишуспи ноҳияи Шуғнон мегузарад, рух додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ронанда 54-сол дошта, сокини деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон будааст. Ӯ ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Пиш ба сӯи деҳаи Даштак идораи автомашинаи тамғаи "Танген"-ро аз даст дода, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Наҷотдиҳандагон маълум кардаанд, ки дар мошин танҳо худи ронанда қарор дошт, вале баъди берун овардани мошин ҷасади ӯро пайдо накардаанд.

КҲФ гуфтааст, ки сабабҳои дигари ин ҳодисаро мақомот таҳқиқ мекунанд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух додаааст, ки 11,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст (492 ҳодиса).
Бар асари ин садамаҳои нақлиёт 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар муқоиса бо соли гузашта теъдоди ҷабрдидагон 13,3% ва теъдоди ҳалокшудагон - 22,3% афзудааст.
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
“Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, кӣ метавонад рӯза нагирад
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Ҷасади ронандаи зери тарма мондаро як рӯз баъд пайдо кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста