Мутахассисон аз даҳчанд афзоиш ёфтани теъдоди тӯфонҳои рег ва чангу хок дар солҳои охир ёдрас мешаванд, ки ба ҳолати пиряхҳо таҳдид мекунад. Дар даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях об шудаанд. Бар асари он офатҳои табиӣ, аз қабили ярчу обхезиҳо бештар ба амал меоянд, ки ба одамон ва инфрасохтори кишварҳои минтақа хатар эҷод мекунанд.
Мо дар бораи чӣ тадбирҳоро роҳандозӣ намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ барои тағйири вазъият маълумот манзур мекунем.
Чӣ гуна тӯфонҳои чангу ғубор пиряхҳоро нобуд мекунанд?
Обшавии тези пиряхҳо мояи нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ шудааст. Тайи даҳсолаҳои охир ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон, ки беш аз 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, қариб аз се як ҳисса коҳиш ёфтааст.
Солҳои охир олимон бештар таъкид мекунанд, ки тӯфонҳои регу чангу хок ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ин тӯфонҳо аз биёбонҳо чангу хокро ба пиряхҳо ва барфтӯдаҳои бузург, ҳатто ба баландии 5-6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мебаранд.
Тӯфонҳои чангу ғубор ба хусусиятҳои гармӣ (термикӣ)-и пиряхҳо бинобар сабаби дар таркиби онҳо вуҷуд доштани маводи олудакунанда таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода рӯзи 26 сентябр дар ҷаласаи минтақавӣ оид ба масъалаи таъсири чангу ғубор ба пиряхҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором чунин изҳори назар кард:
«Солҳои охир тӯфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистон беш аз 10 маротиба зиёд шудааст. Агар дар аввали солҳои 1990-ум ҳамагӣ 2-3 ҳолати тӯфонҳои регу хок сабт шуда бошад, пас дар солҳои охир чунин ҳаво зиёда аз 35 маротиба дар як сол ба қайд гирифта мешавад. Танҳо дар тобистон ва моҳи сентябри соли 2023, қариб ҳар дуним рӯз як бор аҳолии ҷумҳурӣ дар шароити обу ҳавои чангу хок қарор доштанд ва чунин ҳолат соли 2024 низ идома ёфт».
Бино ба маълумоти коршиносон, 4,1% қаламрави Тоҷикистон, яъне беш аз 560 ҳазор гектар заминҳо, ба тӯфонҳои шадиди чану ғубор осебпазиранд.
Ин тӯфонҳо миқдори зиёди чангу зарраҳои сахтро ба масофаҳои дур интиқол дода, онҳоро дар сатҳи пиряхҳо мегузоранд. Ин таъсирот натанҳо ба мушкилоти экологӣ боис мегардад, балки ба зиёдшавии мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ оварда мерасонад, ки ба дастрасии об барои бахши кишоварзӣ, неруи барқи обӣ ва оби нӯшокӣ таъсир расонида, ҳамзамон ба зиндагии мардум ва амнияти ғизоӣ дар минтақа таҳдид мекунад.
«Бар асари тағйирёбии иқлим, ҳама эҳсос мекунанд, ки ҳарорат дар саросари кишварҳо боло меравад. Маҳз ин боис шуд, ки танҳо дар солҳои охир дар қаламрави Тоҷикистон ҳазорҳо пиряхҳои хурд аз байн рафтанд», – шарҳ дод ин вазъро роҳбари Маркази идораи ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсуфӣ.
Пиряхҳо тамоми чангу ғуборро ба худ мекашанд
Мутахассисоне, ки дар вохӯрии минтақавии «Фаҳмиши таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ба пиряхҳо дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором: дар роҳ ба сӯи ҳифз ва ҳамкорӣ» ҳузур доштанд, шарҳ доданд, ки чӣ гуна тӯфонҳои чангу ғубор ба пиряхҳо таъсир мерасонанд.
Баъди чунин тӯфон зарраҳои ғубор дар натиҷаи бориши хушку тар ба сатҳи пиряхҳо ва оби барф менишинанд. Ин зарраҳо таркиби кимиёвии оби барфи пиряхҳоро тағйир дода, хусусиятҳои гидрокимиёвии обро дигар мекунанд.
Баъзе зарраҳои чанге, ки дар пиряхҳо нигоҳ дошта мешаванд, бо оби барф ба ҷараёни обҳои пирях ворид шуда, дар натиҷа ба экосистемаҳои обии маҷрои поёноб мерасанд.
Ҳамчунин тӯфонҳои чангу ғубор метавонанд баъд аз худ ба афзоиши консентратсияи ионҳои маҳлули об дар муҳити атмосфераи минтақаҳои пирях сабаб шаванд.
Дар минтақаи хушку нимхушки Осиёи Марказӣ, ки манбаи назарраси чангу ғубори нимкураи шимолист, бар асари таъсири шамолҳои сахт миқдори зиёди чангу ғубор ба қисмати шимолии Уқёнуси Ором ва соҳилҳои ғарбии Амрико ё ҳатто саросари дунё интиқол меёбад.
Директори Маркази омӯзиши пиряхҳои ҶТ Абдулҳамид Қаюмов, ки солҳои зиёд ҳолати пиряхҳоро дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар меомӯзад, зикр мекунад, ки омӯзиши пиряхҳо як самти нави илмӣ мебошад: «Дар бораи таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ба соҳаҳои дигар, аз қабили бахши кишоварзӣ, иртибот, энергетика ва ғайра маводи зиёде нашр шудааст. Аммо ба таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ба пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ пас аз ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун соли пиряхҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд».
Ба гуфтаи олим, агар партовҳои антропогении корхонаҳо ҳудуд (радиус)-и муайян дошта бошанд, пас таъсири тӯфонҳои чангу ғубор миқёси хеле васеъ дорад. Онҳо аз саросари ҷаҳон то Бадахшони Шарқӣ мерасанд.
Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон таркиби металлҳо (фулузот)-и вазнинро дар пиряхҳои Бадахшони Шарқӣ муайян карда, ба хулоса омад, ки онҳо тавассути тӯфонҳои чангу ғубор оварда мешаванд. Ҳоло марказ натанҳо таркиби металлҳоро дар пиряхҳо меомӯзад, балки омӯзиши изотопиро низ роҳандозӣ мекунад.
«Бо ёрии изотопҳо мо тамоми сохтори яхро дар сатҳи амиқ меомӯзем. Ояндаи наздик ният дорем омӯзиши радиоизотопиро оғоз кунем, ки дар бораи таъсири омилҳои антропогенӣ ба пиряхҳо дақиқтар маълумот медиҳад. Ҳоло ҷамъоварии маълумот идома дорад. Натиҷаҳоро метавонем соли оянда возеҳтар баён кунем», - гуфт Қаюмов.
Сабур Абдуллозода, доктор, профессори илмҳои физикаю математика, мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тамоми биёбонҳои минтақа, аз ҷумла Саҳрои Кабирро номбар кард, ки чангу ғубор аз онҳо ба пиряхҳои Тоҷикистон мерасад.
«Чангу ғубор дар баландии то 10 км бо суръати 120 км/соат ба қуллаҳои натанҳо Помир, балки тамоми қуллаҳои Осиё ҳаракат мекунад», - гуфт олим. Ба гуфтаи ӯ, тӯфонҳои чангу ғубор дар солҳои 80-90-уми асри гузашта аз 3 то 6 соат давом мекарданд. Баъдан борон борида, атмосфера тоза мешуд. Ҳоло бошад, чангу ғуборҳо оҳиста ҷараён гирифта, баъди онҳо борон намеборад.
«Қисмати зиёди тӯфонҳои чангу ғубор ба Тоҷикистон аз Саҳрои Кабир меоянд. Онҳо тариқи биёбонҳо то Ӯзбекистон расида, аз ҷониби Турсунзода ба самти Душанбе ворид мешаванд. Самти дуюми тӯфонҳо – тавассути Шаҳритус ва Айвоҷ аст», - шарҳ дод ӯ.
Душанбе бо кӯҳҳо иҳота шудааст, ки чангу ғуборро нигоҳ медоранд. Аммо ба ҳар ҳол, зарраҳои хурд метавонанд то пиряхҳо роҳ ёбанд.
Ба гуфтаи олим, яхҳо мисли чангкашак зарраҳои ғуборро ба худ мекашанд. Агар ба онҳо ғубор, аз ҷумла зарраҳои намак ворид шавад, суръати обшавии пиряхҳо зиёд мешавад.
Ҳисобу китоби зиён душвор аст
Дар бораи зарари иқтисодӣ аз обшавии пиряхҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумоти дақиқ дастрас нест. Аммо тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, зиёни иқтисодӣ аз офатҳои табиӣ, ки обшавии пиряхҳо низ аз ҷумлаи онҳост, метавонад аз 0,4% то 1,3%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварҳои минтақа дар як солро ташкил диҳад.
Дар натиҷаи обшавии пиряхҳо камбуди оби полезӣ ба вуҷуд меояд. Дарёҳои асосии Тоҷикистон – Амударё, Сирдарё, Зарафшон – натанҳо ҷумҳурӣ, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказиро низ бо об таъмин мекунанд. Камобӣ ва хушксолӣ ҳосилхезии зироатҳои кишоварзиро коҳиш дода, ба амнияти озуқаворӣ хатар эҷод мекунанд.
Тоҷикистонро лозим меояд, ки бо пайомадҳои селу обхезиҳо бар асари обшавии пиряхҳо мубориза барад. Коҳиши ҳаҷми об метавонад нақшаҳои кишварро барои табдил ёфтан ба содиркунандаи неруи барқ зери хатар гузорад, зеро Тоҷикистон барои истеҳсоли неруи барқ аз дарёҳо истифода мебарад.
Тағйирот дар минтақаҳои экологӣ метавонад ба афзоиши осебпазирии растаниҳо ва нотавонии баъзе навъҳо барои мутобиқ шудан ба шароити нави иқлимӣ оварда расонад, ки дар навбати худ барои талафёбии захираҳои ҷангал, аз ҷумла ҳезум, меваҳо ва гиёҳҳои шифобахш замина гузорад.
Ҳамчунин обшавии пиряхҳо ба кӯчонидани аҳолӣ, тахриби инфрасохтор ва шиддат гирифтани нобаробариҳои иҷтимоӣ боис мегардад.
Олимони тоҷик бар ин назаранд, ки ки барои коҳиши андозаи зиён аз обшавии пиряхҳо, пайгирии доимии онҳо зарур аст. Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми мониторинги таъсири тӯфонҳои чангу ғубор бо мушкилоти зерин рӯ ба рӯ мешаванд.
Мушкилоти аввал, набудани системаҳои миллии комилан фаъол барои пешгӯӣ, огоҳии бармаҳал ва мониторинг аст. Ин ҳолат табодули маълумот байни кишварҳои минтақа ва кӯшишҳои ҳамоҳангиро барои омодагӣ ва коҳиши пайомадҳо душвор мегардонад.
Мушкилоти дигар, дастрасӣ ба маълумоти аввалия мебошад, ки барои мониторинг ва танзими системаҳои ошкорсозии тӯфонҳо зарур аст. Бахусус, дастрасӣ ба маълумот дар бораи намнокии хок ва маҷрои дарёҳо мушкил мебошад.
Хусусияти тасодуфӣ ва номуназзами сабти тӯфонҳои чангу ғубор ҳисобу китоби зиёни иқтисодии ин падидаи табииро ҳатто дар шаҳрҳои бузург ғайриимкон мегардонад.
Оё метавон ҷараёни обшавии пиряхҳоро суст кард?
Мутахассисон дар бораи чӣ гуна суст кардани ҷараёни обшавии пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва маишӣ (ҳаёти рӯзмарра) маълумот доданд.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ - таъмини иттилооти оммавӣ ба аҳолӣ ва кори доимӣ оид ба маърифати экологӣ, таҳияи лоиҳаҳои экологӣ барои назорат аз болои тағйироти иқлим.
Дар сатҳи давлатӣ - танзими буридан ва барқароркунии ҷангалҳо тибқи қонунгузорӣ; маблағгузорӣ ба таҳқиқот дар соҳаи экология; кори маърифатнокӣ миёни аҳолӣ, назорати партовҳои зараровар ба атмосфера.
Инчунин гузаштан ба иқтисоди даврагӣ: партови камтар ва мутаносибан партови зараровари камтар; суръати пасти болоравии ҳарорат дар сайёра; коҳиши шумораи партовгоҳҳо; ҷорисозии масъулият барои партовгоҳҳои худсарона ва ғайриқонунӣ; рушди энергетикаи “сабз” ба сифати алтернативаи истифодаи сӯзишвории истихроҷшуда;
Дар сатҳи истеҳсолот - истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия, коҳиши партовҳо, коркарди дубора, беҳбуди сатҳи шуурнокии экологии кормандон, роҳандозии ҷудогона ҷамъоварии партовҳо дар дафтарҳои корӣ, корхонаҳо ва ғайра.
Дар сатҳи маишӣ (зиндагии рӯзмарра) - сарфа кардани энергия ва об; интихоби тарзҳои алтернативии ҳаракат: пиёда ё дар дучарха (велосипед); истифодаи оқилонаи низоми гармидиҳӣ ва кондитсионерҳо (таҷҳизоти сардкунии ҳаво).
Бино ба пешгӯиҳо, то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхи хурд пурра нобуд хоҳанд шуд. Масоҳати пиряхҳо дар кишвар 20% коҳиш ёфта, ҳаҷми ях 25% кам мешавад.
Олимон то 4-5 °C болоравии ҳарорати миёнаро дар сайёраи Замин пешбинӣ мекунанд, ки ба обшавии босуръати пиряхҳо дар саросари дунё боис хоҳад шуд.
Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ чӣ тадбирҳое рӯйи даст мегиранд?
Барои тағйир додани вазъият дар Тоҷикистон “Нақшаи миллии амалҳо оид ба пешгирӣ ва сабуксозии таъсири тӯфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-203” амал мекунад.
Сарвари давлати Тоҷикистон, президенти Бунёди байналмилалии наҷоти Арал Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар аввалин вохӯрии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обу иқлим пешниҳод кард, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шавад.
Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030 татбиқи тадбирҳоеро муайян мекунад, ки ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим бо шумули истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат мекунанд.
Барномаи рушди миёнамуҳлати Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тадбирҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона шудаанд.
Коршиносони байналмилалӣ ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсия медиҳанд, ки дар кишоварзӣ усулҳои ҳифзи хок ва обро ҷорӣ намоянд, идоракунии устувори чарогоҳҳоро таъмин кунанд, ихроҷи чангу ғуборро дар майдонҳои бузурги саноатӣ ва минтақаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок коҳиш диҳанд.
Дар сатҳи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи «Равишҳои минтақавӣ дар мубориза бо тӯфонҳои рег, чангу ғубор ва хушксолӣ» амал мекунад. Лоиҳа ба дастгирии кишварҳои минтақа дар таҳия ва татбиқи стратегияи коҳиши хатарҳои тӯфонҳои рег ва чангу ғубор дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ равона шудааст.
Илова бар ин, дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаҳои миллӣ амалӣ мешаванд. Ҳадафи онҳо расидан ба натиҷаҳои зерин аст:
- Ба ҳадди камтарин расонидани обшавии пиряхҳо ва ҳифзи онҳо аз олудашавӣ.
- Истифодаи самараноки иқтидори обию энергетикӣ.
- Таҳкими ҳамкории ҷонибҳои манфиатдори кишварҳои минтақа.
- Ташкили низоми огоҳсозӣ ва омодагии марбут ба хавфи обшавии пиряхҳо.
- Ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва сарфакунандаи захираҳо.
Ин тадбирҳо метавонанд раванди обшавии пиряхҳоро суст кунанд, аммо натиҷаҳои онҳо аз тағйирёбии иқлим дар оянда вобаста хоҳанд буд.
Дар кишварҳои пешрафта технологияҳо барои ҳифзи пиряхҳои баландкӯҳ мавҷуданд. Масалан, дар Чин таҷрибаи пӯшонидани пиряхҳо бо пардаи инъикоскунанда истифода мешавад. Ин пардаро тавассути дронҳо бо усули аэрозолӣ ба рӯйи ях мепошанд. Парда қобилияти 93-фоизаи инъикоси нурҳои офтобиро дошта, таъсири гармии офтобро ба барфу ях пешгирӣ мекунад.
Дар Швейтсария технологияи истифодаи пардаҳои геотекстилӣ барои ҳифзи пиряхҳо таҳия шудааст. Ин пардаҳо нурҳои офтобро нигоҳ дошта, дар ҳамин ҳол, обро мегузаронанд. Ба андешаи яхшиноси Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария Маттиас Ҳусс, чунин пардаҳо метавонанд суръати обшавии яхро тақрибан 50-70% коҳиш диҳанд.
Ҳамчунин дар Аврупо технологияи барфсозӣ мавҷуд аст, ки бо истифода аз тӯпҳои махсус тӯдаҳои сунъии барф месозад. Он қисми зиёди нурҳои офтобро ба осмон баргардонида, обшавиро пешгирӣ мекунад. Аммо истифодаи чунин технология маблағгузории бузургро талаб мекунад ва истифодаи он дар пиряхҳои Осиёи Марказӣ то ҳол бештар хаёлӣ ба назар мерасад.
Дар ҳамин ҳол... БОР барномаи ҳифзи пиряхҳоро роҳандозӣ мекунад
Дар ин бора рӯзи 14 ноябр дар ҷаласаи вазирони конфронси COP29 бахшида ба Шарикӣ дар соҳаи иқлим, инноватсия ва савдои Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) президенти Бонки осиёии рушд (БОР) Масатсугу Асакава изҳори назар кард.
Ӯ зикр кард, ки миллионҳо одамон дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ таъсири манфии обшавии пиряхҳоро эҳсос мекунанд.
«Пиряхҳое, ки дарёҳои ҳаётан муҳимро таъмин мекунанд, бо суръати ташвишовар об мешаванд. Дар 30 соли охир дар минтақаҳои баландкӯҳи Осиё 25% вазни пиряхҳо гум шудааст. Ҳатто 1,5 дараҷа болоравии ҳарорат метавонад ба нобудшавии нисфи пиряхҳои ҷаҳон боис гардад.
Аммо имрӯз мо бо роҳандозии барномаи “Аз пиряхҳо то хоҷагиҳо” (G2F) як қадами бузург ба пеш мегузорем. Дар доираи ин барнома ҳифзи пиряхҳо васеътар карда шуда, идоракунии устувори захираҳои об дастгирӣ меёбад ва ҳифзи иҷтимоии ҷомеаҳои осебпазир тақвият дода мешавад», – таъкид кард ӯ.