Дар мурофиаҳои чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон дастикам 30 шоҳид, бо шумули мансабдори пешин пурсида шудаанд. Аммо дар раванди мурофиа, бо далели мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо додрасҳо, ки рӯзи 5-уми декабр баргузор мешавад, як ҳафта танаффус эълон шудааст. Дар ин бора ду манбаи огоҳ аз парванда, ки ба далели амниятӣ нахостанд номашон зикр шавад, ба "Азия-Плюс" иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манобеъ, мурофиаи охирин дирӯз, 2-юми декабр, чун пештара паси дарҳои баста ва дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шуда, ним соат давом кардааст.
Як ҳафтаи ахир қариб ҳамарӯза мурофиа баргузор мешуд.
Қаблан Радиои Озодӣ навишта буд, ки “Рашид Олимов, вазири пешини корҳои хориҷӣ, раҳбари собиқи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Чин, Нуралӣ Саидов, котиби пешини Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷаласаи додгоҳӣ аз макони мурофиа берун шуданд".
Бархе айбдоршавандагон, аз ҷумла ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Шокирҷон Ҳакимов ҳеҷ иттиҳомро қабул накардааст.
Ба гуфтаи манобеъ, алайҳи Шокирҷон Ҳакимов ҳеҷ шоҳиде ҳам баромад накардааст.
Дар мурофиаи дирӯза додрас гуфтааст, ки мурофиаи навбатӣ аввали ҳафтаи дигар баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14-уми июн зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Дар доираи ин парванда, аз нимаи июни имсол то ҳоло, нафарони зерин боздошт шудаанд:
- Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;
- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;
- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор;
- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;
- Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон, мунтақиди ҳукумат ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;
- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;
- Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ.
Ёдовар мешавем, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.
То ҳол ҳудуди 4 мурофиа баргузор шуд, вале дар он кӣ чӣ гуфт барои ҷомеа ошкор нест.
Ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор