Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ, дар зарфи 9 моҳи аввали соли 2024 Тоҷикистон беш аз 4,3 ҳазор тонна маъдан ва консентратҳои сурмаро ба маблағи тақрибан 14 млн доллар содир намуда, бо ин нишондиҳанда дар ҷаҳон пас аз Чин дар ҷои дуюм қарор гирифт.
Бо маҳдуд шудани содироти сурма аз Чин, барои Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои нави рушд ба сифати таъминкунандаи калидии сурма фароҳам омаданд.
Аз 15 сентябр Чин ба хотири зарурати ҳифзи амнияти миллӣ назорати содироти сурма ва молҳои вобаста ба онро ҷорӣ намуд. Нархи 1 тоннаи ин металл (фулузот), ки барои саноати мудофиа муҳим шуморида мешавад, аз 12 ҳазор то ба 20 ҳазор доллар боло рафт.
Қарори Чин метавонад норасоиро шадидтар кунад, махсусан дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки 63% воридоти сурмааш ба маҳсулоти Чин вобаста аст. Барои қонеъ кардани ниёзҳояш Амрико маҷбур аст, ки таҳвилгарони алтернативӣ, ба мисли Тоҷикистон ва Австралияро ҷустуҷӯ кунад.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), дар соли 2023 Тоҷикистон пас аз Чин дуюмин истеҳсолкунандаи бузурги сурма дар ҷаҳон гардид.
Дар кишвар ин навъи нимаметалл 21 ҳазор тонна истихроҷ шудааст, дар ҳоле ки Чин 40 ҳазор тонна истеҳсол кардааст. Дар ин бора нашрияи Forbes.ru хабар медиҳад.
Захираҳои нисбатан назарраси сурма дар Тоҷикистон дар конҳои маъдани Ҷиҷикрут ва Канчоч (шимоли Тоҷикистон) мавҷуданд.
Дар заминаи захираҳои симобу сурмаи кони Ҷиҷикрут корхонаи муштараки коркарди маъдани “Анзоб” кор мекунад.
Солҳои охир дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва арзёбӣ, дар қаъри кони Ҷиҷикрут маъданҳои ғании сурма, ки беш аз 15% металл, консентратҳои саноатии тилло ва дигар унсурҳои арзишманд доранд, ошкор шуданд.
Дар солҳои наздик Саридораи геологияи кишвар ният дорад, ки аз ҳисоби захираҳои ин кон таъминоти корхонаи муштараки “Анзоб”-ро то иқтидори нақшавии 700 ҳазор тонна маъдан дар як сол зиёд кунад.
Заминаи минералии ашёи хоми сурма дар ҷумҳурӣ тавассути тавсеаи корҳои геологӣ дар конҳои дигар минтақаҳои дорои маъдан, ки дар онҳо майдонҳои ояндадор ошкор шудаанд, метавонад чанд маротиба зиёд карда шавад.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли 2022 ҳаҷми содироти сурма 9,3 ҳазор тонна ба маблағи 102,3 млн доллар ва соли 2023 - зиёда аз 10,6 ҳазор тонна ба маблағи ҳудуди 107 млн долларро ташкил додааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон дар соли 2022 ба ҳукумат дастур дод, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса диҳанд.
Сурма дар саноати мудофиа ва истеҳсоли аккумуляторҳо истифода шуда, захираи аз лиҳози стратегӣ муҳим маҳсуб меёбад. Коршиносон бар ин назаранд, ки тамоилҳои кунунии ҷаҳон, аз ҷумла маҳдуд шудани содирот аз Чин барои Тоҷикистон ба сифати таҳвилгари калидии сурма дар бозори ҷаҳонӣ имконоти нав фароҳам меоранд.
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Обуҳавои моҳи аввали зимистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
“Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!” Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста