Ҳавои моҳи декабр дар Тоҷикистон сарду тағйирёбанда дар назар дошта шуда, ҳарорат 1 дараҷа поинтар аз меъёр пешбинӣ шудааст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1º пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 3+5º гарм, ноҳияҳои доманакӯҳӣ 1+3º гармиро ташкил медиҳад.

Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, дар водиҳо шабона аз 2+7º гарм то -2+3º, рӯзона дар ҳудуди 4+9º гарм, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво баланд шуда то 12+17º гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 0+5º гарм то -4+1º,  рӯзона 1+6º гарм, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво баланд шуда то 7+12º гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар охири моҳ пастшавии назарраси ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 4-9º хунук, рӯзона -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона  5-10º хунук, рӯзона -3+2º мешавад.

Вилояти Суғд

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1º пасттар  пешгӯӣ шуда, дар водиҳо +2º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-5º хунукиро ташкил медиҳад.

Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, дар водиҳо шабона аз 1+6º гарм то -3+2º, рӯзона дар ҳудуди 3+8º гарм, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво баланд шуда  то 9+14º гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 3-8º хунук, рӯзона -1+4º, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво баланд шуда то 3+8º гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар охири моҳ пастшавии назарраси ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 4-9º хунук, рӯзона -2+3º,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º хунук, рӯзона 0-5º хунук мешавад.

Минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1º пасттар пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ -  -5+3º- ро ташкил медиҳад.

Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, шабона аз -4+1º то 3-8º хунук, рӯзона аз 3+8º гарм то -3+2º пешгӯӣ мешавад.

Пастшавии назарраси ҳарорати ҳаво дар охири моҳ пешгӯӣ шуда, шабона аз 2-7º хунук то 6-11º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 14-16º хунук, рӯзона аз -2+3º то 2-7º хунук мешавад.

Шарқи ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 14-16º хунукиро ташкил медиҳад (дар мавзеи Булункӯл то -20 º хунук).

Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, шабона аз 17-22º хунук то 22-27º хунук, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда то 36-38º хунук, рӯзона аз 2-7º хунук то 7-12º хунук, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда то 15-20º хунук пешгӯӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: 4-12 мм).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.