Мақомоти Тоҷикистон алайҳи як ҷавони 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар ин бора ВКД хабар дода, навиштааст, ки ин ҷавон 30-юми июли ҳамин сол аз комиссияи тибби гузашта, қобили хидмат дониста шуд, вале баъди гирифтани даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашуд.
Назари худи ин ҷавон ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест. Мақомот низ ҷузъиёти бештари ҳодисаро нашр накардаанд.
Дар мавриди дар куҷо будани ин ҷавон ва ҷустуҷӯ қарор доштан ё надоштани ӯ ҳам чизе гуфта намешавад.
Ҳоло бар зидди ин ҷавон бо иттиҳоми "саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ" (моддаи 343 қисми 1 кодекси ҷиноӣ) парванда боз шудааст ва тафтишот идома дорад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз 36 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ёдрас мешавем, ки чанде қабл низ мақомоти Тоҷикистон нисбати як ҷавони 22-сола аз ноҳияи Зафаробод барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ин ҷавон ба ҷойи рафтан ба артиш, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст.
Қаблан рӯзи 16-уми ноябр Вазорати дифои кишвар хабар дода буд, ки нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар кишвар пеш аз муҳлат пурра иҷро шудааст. Вале коршиносон мегӯянд, барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва истифодаи роҳҳои ғайриқонунии даъватӣ аз сӯи бархе коммиссияҳои ҳарбӣ сабаби нисбат ба солҳои пеш тезтар иҷро шудани нақшаи даъват ба сафи артиш шудааст.
Дар ҳамин ҳол мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста