Ба туфайли Тоҷикистон ҷуғрофияи Лигаи маъруфи размикории UFC васеъ шуда, акнун дар Лигаи Дана Уайт 4 варзишгар Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Се тан аз онҳо аввали соли оянда рақобатҳои худро мегузаронанд.

Нурулло Алиев

Нахуст Нурулло Алиев (9-0, UFC 1-0) ва Янал Ашмоз (8-1, UFC 2-1) дар мусобиқаи якуми UFC  дар соли 2025 - UFC Fight Night 249 дар Лас-Вегас рӯзи 11 январ рақобат мекунанд.


Нурулло Алиеви 25-сола соли 2022 бо лигаи пурқуваттарини ҷаҳон қарордод баста, моҳи феврали соли гузашта ба аввалин комёбӣ дар он ноил гардид. Дар рақобат бо Рафаэл Алвес ӯ бо аксарияти овозҳои доварон ғолиб дониста шуд. Нурулло Алиев 9 ғалаба дошта, ягон бохт надорад.

Янал Ашмози 29-сола дар UFC 3 рақобат гузаронидааст: Бар Сэм Паттерсон бо нокаут ғалаба кард; бо қарори якдилонаи доварон аз Крис Дункан шикаст хӯрд ва бо қарори якдилонаи ҳакамон бар Тревор Пик дастболо шуд. Янал 8 ғалаба дошта, 1 маротиба ба шикаст дучор шудааст.

Муин Ғафуров

Сипас Муин Ғафуров (19-6, UFC 1-2) дар мусобиқаи UFC 311 дар Арабистони Саудӣ рӯзи 18 январ рақобат навбатии худро бо варзишгари ҳоло таъми бохтро начашидаи Ҷопон Риня Накамури (9-0, UFC 3-0) барпо мекунад.


Қобили зикр аст, ки моҳи июн дар мусобиқаи UFC on ABC 6 дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) Муин Ғафуров бо қарори якдилонаи доварон бар намояндаи Корея Кюн Хо Канг (UFC 8-5-1, 19-12) дастболо шуд.

Рекорди ҳозираи ӯ дар рақобатҳои омехтаи касбӣ аз 19 ғалаба ва 6 бохт иборат аст.

Муҳаммад Наимов

Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3) бошад, дар мусобиқаи UFC Fight Night 250 дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) рӯзи 11 январ муқобили намояндаи Австралия Каан Офли рақобат мекунад.


Наимов бори охир моҳи июни соли 2024 дар мусобиқаи UFC on ABC 6 муқобили Фелип Лиме ба майдон баромада, дар раунди сеюм бо усули буғикунанда мағлуб шуд. Ӯ 11 ғалаба ва 3 бохт дорад.

Офли рақобати охирини худро моҳи августи соли 2024 дар мусобиқаи UFC on ESPN 62 баргузор намуда, дар раунди дуюм аз Майрос Сантос бо нокаут шикаст хӯрд. Ӯ 11 ғалаба, 3 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

“Танк” дар интизорӣ

Ҳоло танҳо Лоиқ Раҷабов ҳариф надорад, лекин ӯ ба рақобатҳо омодагӣ гирифта, ҳарифи худро интизор аст.

Размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов, ки дар Лигаи UFC аз ӯ “Танк”-и тоҷик низ ном мебаранд, рақобати нави худро соли 2025 гузаронида, ҳамчунин ба вазни дигар - 77 кг мегузарад.

Қобили зикр аст, ки мавқеи размикорони тоҷик дар радабандӣ (рейтинг)-и UFC низ маълум шуд:

Муҳаммад Наимов - зинаи 24-ум;

Муин Ғафуров - зинаи 46-ум;

Лоиқ Раҷабов - зинаи 69-ум;

Нурулло Алиев - зинаи 62-юм.

Тибқи қарордод размирони тоҷик дар лигаи асосии ҷаҳон 4 рақобат мегузаронанд. Лоиқ Раҷабов ва Муҳаммад Наимов ҳар кадоме аллакай 4 рақобат гузаронида, дар UFC монданд. Муин 3 рақобат гузаронида, Нурулло акнун дуюмашро барпо мекунад.

Чаро ҳама талош мекунанд, ки дар UFC ҳунарнамоӣ кунанд?

Коршиноси ММА Далер Латипов мегӯяд, Лигаи Дана Уайт аз ҳама писандида ва маъруф буда, аз ин рӯ, размикорон, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ мехоҳанд, ки маҳз дар Лигаи UFC ҳунарнамоӣ кунанд.

“Натанҳо намояндагони Тоҷикистон, балки ҳамаи размикорони ҷаҳон мехоҳанд дар UFC рақобат кунанд. Ин лигаи машҳуртарин, пурқувваттарин ва писандидатарин аст. Ҳунарнамоӣ дар ин промоушен ба ҳама гуна варзишгар имконест барои муаррифии худ дар саросари дунё. Илова бар ин, ин натанҳо имкони пули хуб кор кардан, балки беҳбуди мақому нуфуз (имиҷ)-и худ низ мебошад”, - изҳор дошт ӯ.

“Пул як сабаби аслиест, ки майли размикоронро ба UFC зиёд мекунад. Дар он ҷо размикор метавонад худро арзанда муаррифӣ намуда, малакаҳояшро сайқал диҳад ва дар маълумотномааш бисёр ҷиҳатҳои мусбат дохил кунад. Дар ҳамин ҳол, дар ҳамаи вазни дивизионҳои UFC ба зинаҳои боло рафтан осон нест. Бисёриҳо рӯҳафтода мешаванд, аз ҷумла аз лиҳози равонӣ, ба фишор тоб оварда наметавонанд. Пас аз ин метавон ҳунарнамоӣ дар UFC-ро фаромӯш кард”, - зикр кард ҳамсуҳбати мо.

Ба ин тариқ, размикорони тоҷикро санҷиши воқеии устуворӣ ва душвортарин озмоиш дар ҳанарнамоии варзишии онҳо интизор аст.

Ҳеҷ кас намегӯяд, ки агар варзишгар ба UFC роҳ ёбад, барояш "борони" шартномаҳои таблиғотӣ (рекламавӣ) меборад. Ба ҳамаи ин бояд сазовор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.