Шириншоҳ Шоҳтемур, Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз бунёдгузорони Тоҷикистони ҷавон дар тақсимбандии Осиёи Миёна, бунёд ва сохтмони Тоҷикистон, таъсиси аввалин рӯзномаву нашрияҳои тоҷикӣ, мактабҳои миёна ва олӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои Тоҷикистони ҷавон, ки ҳамеша дар зери тазъиқу фишори пантуркистон қарор дошт, хидмати сазовор анҷом додааст.
Ба муносибати 125-умин солгарди Шириншоҳ Шоҳтемур ба зиндагӣ ва корномаи ӯ назаре андохтем.
Аз Помир то Маскав
Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1899 дар оилаи ғаллакор дар деҳаи Поршиневи Шуғнони ВМКБ ба дунё омад. Шириншоҳ хеле барвақт, дар синни 8-9 солагӣ аз падару модар ятим монд.
Кӯдакии Шоҳтемури ятим дар зодгоҳаш бо молбониву ҳезумкашиву алафдаравӣ ва хирманкӯбӣ гузашт. Ӯ то 12-солагӣ дар назди муаллими деҳа таълим гирифт.
Соли 1911 Шириншоҳ бо ҳидояти яке аз шахсони бомаърифати деҳа Саидмаъсум барои таҳсил ба мактаби русӣ-маҳаллӣ дохил шуд. Пас аз хатми мактаб соли 1915 дар хизмати штабс-капитани отряди сарҳадбонони Хоруғ Дмитрий Сергеевич Топорнин монд ва моҳи майи ҳамон сол ҳамроҳаш ба Тошканд омада, дар корхонаи Иванов ба кор даромад. Пас аз ба фронт фиристодани Топорнин ӯ чун коргари ДЕПО ва баъдан, кондуктори трамвайи Тошканд, бағочдеҳи поезди боркашони артели Матвеев кор кард.
Дар ин баробар дар назди Апполон Петрович Радугин ном мудири омӯзишгоҳи Тошканд таълим мегирифт. Соли 1917 ба Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуд, вале бо оғози Инқилоби Октябр он баста шуду Шириншоҳ ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд дохил шуд.
Сипас, аввал дар шуъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогии Тошканд ба кор даромад ва узви гурӯҳи коргарони инқилобӣ ва соли 1921 узви Ҳизби коммунисти (болшевикони) Русия гардид.
Моҳи майи ҳамон сол, бинобар нарасидани озуқа дар шаҳрҳои Туркистон, Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳайати 500 нафар «донишҷӯи пролетарӣ» дар тақсимоти озуқавории Дилварзини Хуҷанд ширкат варзид.
Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ – оғози корномаи бузург
Баъди дуюним сол Шириншоҳро ба Тошканд даъват карда, ба сифати коркуни масъул ҳамчун узви Сегонаи ҳарбию сиёсӣ (18-уми июли соли 1921 ҳамчун намояндаи Помири Ғарбӣ) қабул намуданд. Шириншоҳ ду соли аввал узв ва аз августи соли 1922 сардори он буд.
Соли 1923 Шириншоҳ ба КИМ-и Туркистон даъват шуда, узви котиботи шурои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Мухтори Туркистон интихоб гардид. Дар асоси дархосту талаби ӯ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҷуғрофӣ ва фарҳангии сокинони Помир, 15 августи соли 1923 Раёсати КИМ-и Туркистон дар бораи ба “Вилояти Помир” табдил додан қарор қабул намуд. Дар қарори мазкур фаъолияти Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Помир ҷамъбаст ва ба он баҳои мусбат дода, роҳбарияту аъзои он бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардиданд.
Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1924 ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Туркистон даъват ва инспектори зершуъбаи аққалиятҳои миллӣ дар шуъбаи тоҷикӣ таъин шуд. Метавон инро оғози марҳилаи нави фаъолияти ӯ номид.
Он замон мақомоти ҳизбию давлатии ҷумҳуриҳои Туркистон баҳри амалӣ намудани тақсимоти ҳудудҳои миллӣ кори зиёди ташкиливу фаҳмондадиҳиро анҷом медод, вале Шириншоҳ зимни шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳое, ки доир ба масъалаҳои миллӣ аз ҷониби Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Туркистон омода шуда буданд, дар бораи “мавҷудияти халқи тоҷик дар Туркистон ҳатто ишорае ҳам пайдо накард”. Дарк намуд, ки миллатгароён мақсади ташкил намудани давлати ягонаи туркӣ дар Осиёи Миёнаро доранд.
Чунин муносибат нисбат ба тақдири халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемурро мисли дигар равшанфикрон чун Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ором нагузошт ва ба воситаи мактубу муроҷиатнома ба унвони Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Русия ва КИМ-и Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии халқи тоҷикро қотеъона талаб кард. Далели ин гуфта “Гузориш ба Сталин дар бораи мавқеи маданӣ – иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” аст.
“Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор буд, илова бар ин, мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш сару ҳисобашонро гум карда буданд. Тақдири одамонро набояд як гурӯҳи одамони оҷиз ҳал кунанд. Онҳо ҳуқуқ доранд ҷумҳурии худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем”, - омадааст аз номи Шириншоҳ Шоҳтемур.
Замоне ки Тоҷикистони мухтор дар ҳайати Узбекистон ташкил шуд, бо сабабҳои қатлу таҳқир ва бадарға кардани мардуми донишманд зери номи “мулло, кулак ва бой” дар ҳудуди кишвар шахсони роҳбар қариб намонда буд. Акнун назди Шириншоҳ ва дигар равшанфикрону зиёиёни он замон як ҳадаф меистод: Бо ҳар роҳе набошад, бозсозии Тоҷикистон ва баровардани он аз ҳайати мухторият! Зеро дар “тақсимоти миллӣ-маъмурӣ” нисбат ба сарнавишт ва мавҷудияти халқи тоҷик ноадолатӣ сурат гирифта буд.
“Дили Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдукодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев барин фарзандони сарсупурдаву хирадманди миллат аз он пурхун буд, ки пантуркистон, тарафдорони тамоюлоти бузургӯзбекӣ мавҷудияти халқи тоҷик – қадимтарин ва асилтарин сокинони Осиёи Миёнаро инкор мекарданд. Инкори мавҷудияти халқи тоҷик дар манотиқи номбаршуда оқибатҳои вазнине дошт”, - овардааст Қурбон Аламшоев дар китоби “Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам”.
Саҳми Шириншоҳ дар бозсозии Тоҷикистон
Дар сарчашмаҳои таърихӣ талоши Шириншоҳ барои эъмори давлатдории тоҷикон ва саҳмаш дар нигоҳдории тоҷикият бориз арзёбӣ мешавад. Ҳатто дар маъхазе посухи Шириншоҳ ба саволи “куҷо кор кардан мехоҳед” чунин омадааст: “Дар кори ҳизбию давлатӣ – куҷое бошад, миёни тоҷикон”
Солҳои 1925-1926 Шириншоҳ Шоҳтемур дар Тоҷикистон корманди масъули идораи назорати коргару деҳқон, намояндаи ваколатдори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистӣ-болшевикии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, ҳамзамон, Комиссари халқии молия, роҳбари комиссияи ҳукуматӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ буд.
Солҳои 1926-1929 намояндаи доимии Тоҷикистон дар Шурои Комиссарони Халқии Ӯзбекистон буда, ҳамзамон дар Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ (КУТВ) ба номи Сталин дар Маскав таҳсил дошт. Соли 1929 фавран ба Тоҷикистон даъват шуда, котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилояти Тоҷикистон ва пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравӣ-Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1930) котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб гардид.
Соли 1932 барои такмили дониш ба шаҳри Маскав рафт ва соли 1933 ба Тоҷикистон даъват гардида, то соли 1937 вазифаи раиси КИМ РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон, яке аз муовинони раиси Комитети Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравиро иҷро кард.
Саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар рушди маорифи он давраи миллати тоҷик низ босазо арзёбӣ мешавад. Таҳти сарпарастии ӯ соли 1924 дар шаҳри Тошканд аввалин Дорулмуаллимини тоҷикӣ таъсис ёфт. Ин Дорулмуаллимин, ки баъдан соли 1935 ба Донишкадаи тоҷикии омӯзгорӣ дар шаҳри Тошканд табдил ёфт, ибтидои низоми нави таҳсилот дар маорифи тоҷик дониста мешавад. Тавасссути ин Дорулмуаллимин дар тамоми манотиқи Тоҷикистон нахустин омӯзгорон (типи нав) барои мактабҳои миёна (таълимоти усули нав) ва курсҳои муаллимтайёркунӣ таълим гирифтанд. Аз ҷумла шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик, чун Мирзо Турсунзода дастпарварони нахустини ин мактабанд.
“Шириншоҳ Шоҳтемур дар ташкили якумин рӯзномаи тоҷикӣ дар Туркистон – „Овози тоҷик“, ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд нашр мешуд, инчунин дар чопи аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои шӯравӣ хеле хидмат кард”, - менависанд муҳаққиқони Шириншоҳ.
Ин роҳбари хирадманду донишвар дар бунёд ва кушодани макотиби Шӯравӣ дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистони навташкил ташаббускори асосӣ буд. Зеро маъхазҳои зиёди таърихӣ собит менамояд, ки саволи аввалини Шириншоҳ зимни сафару вохӯриҳо “Шумо мактаб доред?” будааст. Ва агар вуҷуд намедошт, тамоми қувваашро ба он сарф мекард, ки дар он мавзеъ таълимгоҳе таъсис ёбад.
Ӯ дар Анҷумани якуми ҲК (б) Тоҷикистон қарори муфассал қабул кард, ки дар он вазифаҳои соҳаи тарбияи иҷтимоӣ, маҳви бесаводӣ, тайёр кардани кадрҳои ношир, мушкилоти сиёсию маърифатӣ ба таври мушаххас муайян карда шуданд.
Истеъдоди бузурги Шириншоҳ Шоҳтемур, ки он ба тараққии саноат ва хоҷагии қишлоқ, маҳви бесаводӣ, тайёр кардани кадрҳо ва намояндагони миллатҳои маҳаллӣ нигаронида шуда буд, дар вазифаи котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон зоҳир мегардид.
Бо иқдоми ӯ ҳамчунин барои мактабҳо нахустин китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ нашр гардиданд.
Аз туҳмати хиёнат то сафедкунӣ
Бо вуҷуди талошу заҳмат баҳри пойдор кардани ҳукумати Шуравӣ ва дар сулҳу амон нигоҳ доштани мардуми тоҷик дар як рӯз зангулаи шӯҳрат аз задан монд ва фарзанди сарсупурдаи миллат душмани халқ эълон шуд.
Соли 1937 баъди суханронии оташин дар анҷумани мартии ҲК Тоҷикистон дар бораи вайрон шудани қонуни асосии ҷумҳурӣ, поймол шудани ҳуқуқи инсон, паст шудани нақши Шӯроҳо дар ҳаёти сиёсӣ, беасос ба ҳабс гирифта шудани як қаттор роҳбарони давлатӣ ва ҳизбиёни қаторӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Он замон роҳи исбот кардани гунаҳкор иқрори худи вай буд ва ин ба воситаи шиканҷаҳои вазнини ҷисмонӣ сурат мегирифт.
“Оре чунин буд замона. Касе, ки дар хизмати халқ хуни дил хӯрд, аз ҳама зиёд гунаҳкор шуд ва бо хуни худаш “гуноҳаш”-ро харид”. Ниҳоят 27-уми октябри соли 1937 Шириншоҳ ба қатл расонида шуд.
Бо қатли Шириншоҳ таъқиб ва озори хонаводаву наздиконаш зиёд шуд. Қариб ду даҳсола номи Шоҳтемур ва ҳаммаслаконашро ба забон овардан боиси ҷинояткор эътироф гардидани шахс мешуд. Танҳо баъди марги Сталин ва анҷоми шахспарастӣ марҳилаи тарсу ваҳми мардум аз ошкорбаёнӣ ба анҷом расид. Ниҳоят моҳи августи соли 1956 баъди аз сари нав дида баромадани парвандаи ҷиноятии Шириншоҳ Шоҳтемур ӯ бегуноҳ дониста шуда, тамғаи “душмани халқ” аз номаш пок гардид.
Бори нахуст, 46 сол муқаддам, соли 1975 ва баъд 1976 дар бораи ҳаёт ва фаъ-олияти Шириншоҳ Шоҳтемур намоишномаҳоии “Ситораи умед”, “Телеграмма ба Ленин” (Ғанӣ Абдулло ва Абдусалом Атобоев) ва баъдан, намоишҳои “Шамшери бурро”-и Муҳаммадҷон Рабиев, “Давлати баргашта”-и Ато Мирхоҷа, “Дурахши ахтар”-и Қурбон Аламшоев ва “Қурбонӣ”-и Умед Хисравов аз рӯзгори Шоҳтемур эҷод шуданд.
Бо дарназардошти саҳмаш дар ташкил ва ташаккули давлатдории тоҷикон соли 1999 бо Фармони Сарвари давлат бо нишони “Дӯстӣ” ва соли 2006 бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд.
Барои абадӣ гардондани номи неку кори шоистааш яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва Хоруғ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва мактаби зодгоҳаш номи Шириншоҳ Шоҳтемурро гирифтаанд. Ҳамчунин рӯйи асъори миллии “се сомонӣ” акси Шириншоҳ дарҷ гардидааст.
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста