Аз ҷой барнахостани чанд дипломати Толибон* зимни садо додани суруди миллии Эрон ва Покистон аз ду маросими алоҳида боиси вокунишҳои шадиди мақомдорони ин ду кишвар шуд. Эрону Покистон ин рафторро беэҳтиромӣ хонданд, вале Толибон* амали намояндаҳои худро ҳимоят карда, изҳор доштаанд, ки мақсадашон беэҳтиромӣ набуд.
Дар Эрон чӣ гузашт?
Бар асоси наворҳое, ки расонаҳои Эрон нашр кардаанд, рӯзи 19-уми сентябр дар маросими ифтитоҳии конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон намояндаи Толибон ҳангоми пахши суруди миллии Эрон аз ҷой барнамехезад.
Дар ин маросим Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ва намояндаҳои дигар аз кишварҳои мухталифи исломӣ ҳузур доштаанд.
Ин амали намояндаи Толибон* боиси интиқоди расонаҳо ва шуморе аз мақомдорони баландпояи Эрон гардид. Аз ҷумла, Ҳасан Козимӣ, намояндаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон дар вокуниш ба баланд нашудани намояндаи Толибон ҳангоми пахши суруди миллии Эрон ин рафторро “беэҳтиромӣ ба усули дипломатӣ” хонд.
Ҳисомиидн Ошно, мушовири раисҷумҳур дар давлати Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтааст, ки “кофӣ буд ду ё ҳади аксар чаҳор нафар аз азизони тими ҳифозат зери бағал ё чаҳор дасту пойро бигиранд ва эшонро муҳтарамона ба хориҷ аз толор раҳнамоӣ кунанд”.
Муҳаммад Ҳасан Осафрӣ, намояндаи пешини маҷлиси Шӯрои исломӣ низ бо ишора ба “ҳазинаи ҳангуфт барои билети ҳавопаймо ва беҳтарин меҳмонхона дар Теҳрон” барои ин намояндаи Толибон таъкид кард, ки ӯ расми меҳмониро риоят накардааст.
Ин намояндаи Толибон Азизурраҳмон Мансур, як масъули вазорати иршод, ҳаҷ ва авқофи Толибон аст, ки дар раъси ҳайате барои иштирок дар “Ҳамоиши байналмиллалии исломӣ” ба Теҳрон омадааст. Ба гуфтаи Вазорати ҳаҷҷи Толибон, ин ҳайат бо даъвати расмии Эрон ва ба намояндагӣ аз Толибон барои иштирок дар конфрониси мазкур ба Эрон рафтанд.
Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати корҳои хориҷаи Эрон сарпаррасти сафорати Афғонистон дар ин кишварро эҳзор кард. Ба навиштаи “Исно”, дар вазорати умури хориҷаи Эрон амали намояндаи Толибонро маҳкум кардаанд.
Имрӯз расонаҳои Эрон навореро нашр карданд, ки дар он намояндаи Толибон аз Эрон узрхоҳӣ карда, мегӯяд, “ба ҳеҷ унвон қасди бе эҳтироми ба суруди миллии Эронро надоштам”.

Вай далели амали худро эҳтиром ба урфу одатҳои Толибон эълом карда, гуфтааст, ки “дар кишвари худамон ҳангоми пахши суруди миллӣ менишинем ва ин урфи мост”.
Ҳолати ҳамранг дар Покистон
Як рӯз қабл аз ин воқеа, рӯзи 18-уми сентябр, намояндаи дигари Толибон дар Покистон ҳангоми баргузории як маросим ва пахши суруди миллии ин кишвар аз ҷояш баланд нашуда буд.

Дар пайии ин қазия Вазорати корҳои хориҷаи Покистон сарпарасти сафорати Толибон дар Исломободро даъват карда, амали намояндаашонро маҳкум кард. Ин вазорат рафтори намояндаи Толибонро беэҳтиромӣ ба суруди миллии Покистон унвон карда, гуфтааст, “ба чунин рафторҳои тавҳиномез посухи ҷиддӣ хоҳад дод”.
Дар ҳамин ҳол консулгарии ҳукумати Толибон дар Пешовар аз рафтори намояндаи худ дифоъ карда, гуфтааст, ки ин тасмими ӯ бе эҳтиромӣ ба суруди миллии Покистон набуда, балки ба далели вуҷуди мусиқӣ дар суруди миллии ин кишвар аз ҷой баланд нашудааст.
Бояд гуфт, ки Эрон ва Покистон ҳукумати "Толибон"-ро, ки дар раъси ҳукумати Афғонистон ҳастанд, ба расмият намешиносанд, вале бо онҳо муносибати дипломатии танготанг доранд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста