Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) сабаби таҷлил нагардидани 85-солагии академик Акбар Турсонро ба “бемор будан”-и ин олими тоҷик рабт дод ва гуфт лағви он ба мусоҳибаҳои академик рабт надорад.
Ӯ имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури рӯзноманигорон изҳор дошт, ки “мо ин гуна чорабиниҳоро пай дар пай мегузаронем”.
“Аз сабабе, ки устод каме бемор буданд, мо натавонистем, ки ин чорабинии устодро баргузор кунем. Мо омода ҳастем барои гузаронидани ин гуна чорабиниҳо. Дар ин самт ягон монеагӣ дар АМИТ нест”, - гуфт президенти АМИТ.
Ӯ таъкид кард, ки Акбар Турсон бо ҳар расонае, ки мусоҳиба оростааст, “фикру андешаи худашонро баён кардаанд”.
Қобилҷон Хушвахтзода дар ҳузури олимони АМИТ гуфт, ки “ҳар олим ҳақ дорад бо воситаҳои ахбори омма суҳбат кунад ва андешаи худро баён намоед, ин ҷо ягон монеагие нест”.
Қобилҷон Хушбахтзода ваъда кард, ки 85-солагии академик Акбар Турсон “дар оянда” таҷлил карда мешавад. Мушаххас кадом рӯз чизе нагуфт.
Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, АМИТ рӯзи 4-уми октябри соли 2024 мехост, ки дар доираи як конфронси ҷумҳуриявӣ 85-солагии академик Акбар Турсонро таҷлил кунад ва дар ин замина нақша таҳия шуда, ба маърӯзагарони конфронс даъватнома ҳам равон шуда буд.
Вале баъди мусоҳибаи академик бо чанд расона, аз ҷумла бо “Азия-Плюс” дар моварои 85-солагиаш, ки аз мушкилоти АМИТ ва кори олимони тоҷик нигаронӣ кард, чорабинӣ баргузор нашуд.
Он замон аз АМИТ ба “Азия-Плюс” сабаби баргузор нашудани чорабиниро “тайёрӣ ба ҷашни рӯзи забон – 5-уми октябр” гуфтанд. Вале манбаъҳои алоҳида таъкид карданд, ки сабаби баргузор нашудани чорабинӣ маҳз мусоҳибаҳои ӯ бо расонаҳо буд.
Рӯзи 1-уми октябри соли 2024 Акбар Турсон, академик ва донишманди шинохтаи тоҷик 85-сола шуд. Ӯ яке аз олимони бисёрфанне аст, ки дар соҳаҳои гуногун, ба монандӣ фалсафа, физика, фарҳангшиносӣ, шарқшиносӣ даст зада, корҳои илмиву тадқиқотии мондагор анҷом додааст.
Мусоҳибаи академик Акбар Турсон бо “Азия-Плюс”-ро, ки перомуни нақши зиёиён дар замони муосир, дифоъ аз шахсиятҳои миллӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва рӯзгори имрӯзаи ин олими тоҷик аст, дар ин пайванд бубинед ва бихонед.