Дирӯз, 2-юми июн дар толори Театри калони шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия оғоз шуд, ки то 5-уми июни соли равон идома мекунад. Дар доираи он як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Қазон баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи чорабинӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия боз як марҳалаи муҳими дигар дар густаришу амиқтар кардани муносибатҳои анъанавии Тоҷикистону Русия ва ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии ҳамзамонон мегардад.

Олга Любимова, вазири фарҳанги Русия, гуфтааст, ки дар барномаи чорабинӣ намоишгоҳҳо ва консертҳои устодони барҷастаи санъати Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ӯ гуфтааст, миқёси Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон пайваста васеъ мешавад, ки ин ба сатҳи муносибатҳои байни кишварҳои мо комилан мувофиқ аст.
Дар консерти бошукӯҳи “Паёми дӯстӣ” дар саҳнаи Театри калон ансамблҳои рақсии “Зебо”, “Гулрез” ва “Ҷаҳоноро”, солистони ансамбли “Дарё”, Таҳмина Ниёзова, овозхони ҷавони тоҷик, Шарофат Усмонова, солисти Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва дигар ҳунармандон баромад хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар рӯзи аввали чорабинӣ дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Русия дар Маскав намоиши “Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда” шуруъ гардида, дар он зиёда аз 30 асари рассомони тоҷик ба тамошо гузошта шудааст. Матлубахон Сатториён ва Олга Любимова дар ифтитоҳи ин намоиш иштирок кардаанд.
Худи ҳамон рӯз, мулоқоти вазирони фарҳанги ду кишвар баргузор шуда, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ карданд. Ҳамчунин, онҳо ҳамкориҳо дар соҳаи таълимро низ баррасӣ карданд. Гуфта шудааст, ки дар макотиби олии соҳаи фарҳанги Русия ҳудуди 100 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Ҳамчунин, дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ Матлубахон Сатториён дар шаҳри Маскав аз Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) дидан намуда, бо Малишев Владимир, ректори ин муассиса ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин ҷо таҳсил мекунанд, мулоқот кардааст.
Бояд гуфт, ки баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисони ҷумҳурҳои ду кишвар дар моҳи апрел мувофиқа шуда буд.



