ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев "Tarona Music Award-2025" баргузор мешавад. Ин яке аз рӯйдодҳои муҳими сол буда, ҳунармандони беҳтарини кишвар ва ҳазорон ҳаводорону мухлисони мусиқии муосири тоҷикро гирдиҳам меорад.

Имрӯз соати 15:00 ташрифи ситораҳои ҳунар ва гузашти онҳо аз роҳрави қирмизӣ оғоз мешавад. Тамошобинон имкон пайдо мекунанд, ки аз ҳунарманди дӯстдоштаи худ соядаст гиранд ё бо онҳо ҳамроҳ аксбардорӣ кунанд. Барномаи консертӣ соати 17:00 оғоз мешавад.


"Tarona Music Award" вориси ҷоизаи "Суруди сол" аст, ки бори нахуст соли 2003 гузаронида шуда, аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" гузаронида мешавда.

- Имрӯз дар шаҳри Панҷакент  Ҷашнвораи байналмилалии санъати халқии “Сӯзании Панҷакент” ҷамъбаст мегардад. Ин ҷашнвора ба муносибати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф гардидани Панҷакент бори аввал доир шуда, дирӯз оғоз гардид ва дар доираи он намоишгоҳи бузурги сӯзанӣ ва намоишгоҳи ҳунармандони маҳаллӣ сурат мегирад.

- Имрӯз дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷамъбаст мегардад. Имрӯз, ҳамчунин дар даври ниҳоӣ Хусравхон Раҳимов, яке аз муштазанҳои тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ карданд. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2007 — Дар Душанбе ҷаласаи сеюми муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” баргузор шуд.

Соли 2010 — Дар Брюссел ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доир гардид

Соли 2011 – Президенти Тоҷикистон дар Олмон аз ширкатҳои "Siemens ва Bosch" боздид намуда, бо ин кишвар се санад ба имзо расонид.

Соли 2001 – Дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон санади  “Аввалин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон" оид ба ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар самтҳои савдо, энергетика ва илму техника ба имзо расид.

Соли 2010 – Дар шаҳри Брюссел ҷаласаи якуми Шӯро оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Яке аз ҷаласаҳои Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел,соли 2018

Соли 2019 – Бонки миллии Тоҷикистон ҳамаи бонкҳои кишварро вазифадор кард, ки соатҳои кории худро то соати 19:00 тамдид кунанд, то мизоҷон имкони истифода аз хизматрасониҳои интиқоли пулӣ пайдо кунанд.

Соли 2023 – Бинои нави “Телевизиони Сафина” ба истифода дода шуд.

Соли 2023 – Дар шаҳри Душанбе китоби Фаҳим Даштӣ, рӯзноманигор ва яке аз ёрони Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон бо номи “Дуру наздики Омир соҳиб” рӯнамоӣ гардид. Даштӣ дар ин китоб суҳбатҳои Аҳмадшоҳи Масъуд, муқовимати аввал алайҳи Толибон ва терроризми байналмилалиро тасвир кардааст.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1826 – Зодрӯзи Аҳмади Дониш, нависанда, шоир ва маорифпарвари тоҷик.

Аҳмади Дониш

Номи ӯ Аҳмад ва тахаллуси илмию адабиаш “Дониш” аст. Дар осори баъзе ҳамзамононаш бо номи Аҳмад-махдум низ ёд мешавад.

Аҳмади Дониш бо афкор ва осори маорифпарварии худ дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX таъсир ва мақоми намоён дорад. Аҳмади Дониш на танҳо олим ва мутафаккир, балки нависанда ва суханвари ҳунарманд низ буд.

Ӯ дар асарҳои бадеии худ майли вуқӯъгӯиро дар адабиёти асрҳои пешин давом дод ва дар усулу услуби бадеӣ, дар мазмуни ғоявӣ роҳи наве вазъ намуд, ки он адабиёти маорифпарварӣ ном гирифт. Асари машҳури ӯ “Наводир-ул-вақоеъ” буда, аз 23 боб иборат буда, қуллаи баланди эҷодиёти ӯ дониста  мешавад.

Соли 1916 – Мавлуди Нериё Аминов, Ҳофизи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Нериё Аминов яке аз сарояндагони хуби савту навоҳои “Шашмақом” ва сурудҳои классикию халқӣ ба шумор меравад. Сурудҳои “Ба Ватан”, “Дили мо”, “Эй бодапарастон”, “Аҳду вафо”, “Дубарга”, “Ошиқам”, “Савти Сабо”, “Дугоҳ” аз сурудаҳои маъмули Нериё мебошанд. Ӯ мусаннифи беш аз сад суруду тарона аст.

Соли 1924 – Зодрӯзи Рауф Додобоев, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон.

Рауф Додобоев ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муаллими хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон  буда, чанд навбат дар ҶШС Тоҷикистон вазири маориф буд.

Ӯ дар мавриди тарбияи коммунистии ҷавонон чанд асару монография таълиф кардааст. Ба хотири гиромидошташ дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаби миёнаи № 38 ба номи Рауф Додобоев гузошта шудааст.

Соли 1936 – Мавлуди Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, имоми шиъиёни исмоилии низорӣ.


Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони 4, дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохон 3 дар 11-уми июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Вай 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон аст.

Вай баъди хатми мактаби Ле Розеи Швейтсария ба Донишгоҳи Ҳорворд дохил ва риштаи таърихи исломро хатм кард. Оқохони IV муддате ҳам масъули кумакҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) будааст.

Ӯ поягузори Муассисаи мутолеоти исмоилӣ, Маркази ҷаҳонии касратгароӣ (плюрализм), Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Донишгоҳи Оқохон мебошад.

Карим Оқохони 4 Бунёди Рушди Оқохон (AKDN)-ро, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаш чандин тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоиро амалӣ мекунад, созмон додааст.

Ин ташкилот ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд. 

Оқохони 4 солҳои 1995, 1998 ва 2008 ва бори охир соли 2012 ба ба Тоҷикистон омада буд. Аз соли 2000 дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғро ташкил додааст.

Шоми 4-уми феврали соли равон шоҳзода Карим Оқохони 4 дар пойтахти Пуртуғол, шаҳри Лиссабон дар 88-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1968 – Зодрӯзи Озар Салим, Шоири халқии Тоҷикистон

Озар Салим

Озар Салим яке аз шоирони хушноми муосир буда, шеърҳои тозаву ноб меофарад. Нахустин маҷмӯаи ашъораш “Намози бедорӣ” ном дошта, соли 1997 ба табъ расидааст. Маҷмӯъаҳои “Як саҷда гул” , “Сарви дуо”, “Ирфони ҳино”, “Гуфтугӯйи нахлу моҳ” низ чакидаҳои қалами ӯянд.

Шеъри “Модар фаришта буд”-и ӯ дар Тоҷикистон хеле маъруф буда, аз ҷониби сарояндагони зиёд оҳанг баста шудааст. Ӯ соли 2003 ба узвияти иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Соли 1983 – Мавлуди Абдукарим Машраб, ҳунарпешаи театру синамо, директори Театри давлатиии академиву драмавии ба номи Лоҳутӣ.

Абдукарим Машраб соли 1983 дар хонадони ҳунарманд Ибодулло Машраб ба дунё омадааст. Фаъолияти ҳунариашро аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз намуд. Айни ҳол директори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аст. 

Соли 1995 – Муҳиддин Олимпур, рӯзноманигор ва аксбардори тоҷик дар Душанбе ваҳшиёна кушта шуд.

Муҳиддин Олимпу

Олимпур дар баробари аксбардорӣ ва журналистӣ, муаллифи китобҳои “Раҳнамои суратгир” ва “Муҳиддини Олимпур - Бинишвари тоҷик” буда, садҳову ҳазорҳо аксҳои бардоштаи ӯ аз намояндагони илму адаби саросари дунё дар рӯзномаву маҷалла ва китобҳои мухталиф нашр шудаанд.

Ӯ ҳамчун журналист сермаҳсул буда, солҳои 1988-1991 барномаи овозадори Телевизиони Тоҷикистон - “Ситораҳои Шарқ”-ро пеш мебурд. Аз охири соли 1989 то интиҳои умраш барои бахши форсии радиои “BBC” аз авзои Тоҷикистон, бахусус бахши фарҳангӣ хабар пӯшиш медод. Инчунин, дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то охири умр фаъолият кард ва қариб дар ҳар шумора аксу матолиб, хабар, гузориш, мақола, мусоҳибаҳояш ба нашр мерасиданд.

Рӯзноманигорро ба таври фоҷеабор шаби 12-уми декабри соли 1995 ба қатл расонданд ва асрори қатли ӯ то имрӯз яке аз мавзӯъҳои баҳсталаби матбуот боқӣ мемонад.

Соли 2018 – Иван Поляков, Муррабии шоистаи Тоҷикистон ва қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дар намуди гӯштини юнониву румӣ ва тарзи озод баъди ҳамла ва латукӯби ғоратгарон дар 82-солагӣ дар бемористони "Қарияи боло" даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

13-уми декабри соли 1642 аввалин маротиба аврупоиҳо ҳамроҳи Абел Тасман, баҳрнаварди ҳолландӣ ба хоки Зеландияи Нав қадам гузоштанд. Тасман ин заминҳоро моликияти подшоҳ Георг III эълон кард.


Аз соли 1840 то 1907 Зеландияи Нав зери истеъмори Бритониё буд. Соли 1931 кишвар ҳуқуқи мустақилияти сиёсӣ дар умури дохилӣ ва хориҷиро ба даст овард. Имрӯз Зеландияи Нав давлати мустақил дар доираи Бритониёи Кабир ба ҳисоб меравад.

13-уми декабр ҳамчунин як ҷашни хандаовар – “Иди шикам” таҷлил мегардад.

Таърихи пайдоиши ин ҷашн дақиқ маълум нест, вале эҳтимол интихоби ин сана ба наздикшавии ҷашнҳои солинавӣ, ки мардум гирди дастархон ва тамоҳои лазиз гирд меоянд, рабт дошта бошад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм), танҳо рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон борида, дар ноҳияҳои ҷанубӣ гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо нимаи аввали рӯз асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 1+6º гарм, рӯзона 5+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, нимаи аввали рӯз асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар нимаи дуюми рӯз борон меборад. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 7+9º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.