Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба манъи чанде аз парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Маскав изҳор намуд, ки дар ин ҳолат мақомоти авиатсионии Русия бандҳои созишнома дар бораи алоқи ҳавоиро нодида мегиранд.

Аз департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мувофиқи созишномаи соли 1998 баимзорасида миёни кишварҳо, парвозҳо бояд бар асоси баробарии дуҷониба анҷом дода шаванд.

«Дар асл бошад, 60%-и парвозҳо миёни кишварҳо ба ширкатҳои русиягӣ ва 40%-аш ба ширкатҳои Тоҷикистон рост меояд», - гуфтанд дар Вазорат. - Давоми 2 моҳи соли равон ширкатҳои Русия ба Тоҷикистон 496 парвоз анҷом дода, шумори парвоз аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ин давра ҳамагӣ 295 ададро ташкил медиҳад».

Ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди ин фарқияти назаррас, ҷониби Русия боз ҳам бештар ҳузури худ дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистонро зиёд карданист ва хостори он аст, ки ширкатҳои «Ямал» ва «Уральские авиалинии» дар як ҳафта ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 7 парвоз анҷом диҳанд, ки ба ҳеҷ гуна меъёрҳои авиатсионӣ мутобиқ набуда, ба беҳад зиёд риоя нашудани баробарӣ оварда мерасонад.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ қайд карданд, ки ба ширкати русиягии «Ямал» анҷоми парвозҳо 2 маротиба дар як ҳафта ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа пешниҳод шуд.

«Аммо ин пешниҳод рад шуда, ҷониби Тоҷикистон боз ба гузашт розӣ ва пешниҳод намуд, ки бо ҳамин шумор парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба иҷро расонида шаванд, - таъкид доштанд дар Вазорат. - Лекин ин пешниҳодро низ ҷониби Русия қабул накард».

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» ба иҷрои парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе (4 маротиба дар як ҳафта) ва Хуҷанд (3 маротиба дар як ҳафта) дархост карда, вале он аз ҷониби Тоҷикистон пурра қонеъ нашуд.

Дар посух ба ин Вазорати нақлиёти Русия ба як қатор хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» маҳдудиятҳо ҷорӣ кард, ки аз 3 апрел мавриди амал қарор гирифтанд.

То имрӯз ширкати хусусии ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» дар як ҳафта аз шаҳри Душанбе 7 маротиба ва аз шаҳри Хуҷанд 3 маротиба ба шаҳри Маскав парвозҳо анҷом медод.

Акнун дар робита ба маҳдудиятҳои ҷоришуда аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия, парвоз аз шаҳри Хуҷанд пурра қатъ гардида, ҳамчунин имрӯз парвози ҳавопаймо аз шаҳри Душанбе ба Маскав бекор карда шуд.