Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор медорад, ки дар шаҳри Тошканд доир ба созишномаи алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавофуқи ниҳоӣ ҳосил шуда, он ба наздикӣ ба имзо мерасад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, парвози нахустини ҳавопаймо аз Тошканд ба Душанбе рӯзи 11 апрел пешбинӣ шуда, он аз ҷониби ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» анҷом дода мешавад.
«Аммо ҳамааш ба дархости мусофирон ва то чӣ андоза талабот доштани мусофирон барои парвоз бо ин хатсайр вобаста буда, ин масъаларо худи ширкати ҳавопаймоӣ ҳал мекунад, - гуфт манбаъ. - Ҷониби Тоҷикистон ба қабули парвозҳои мунтазам аз Тошканд ҳамеша омода аст».
Қобили зикр аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Ӯзбекистон бонавбат бидуни санади зарурии танзимкунандаи алоқаи ҳавоӣ, кӯшиш ба харҷ доданд, ки парвозҳо миёни пойтахти кишварҳоро роҳандозӣ намоянд, аммо парвозҳое, ки қаблан эълон шудаву мутаносибан барои он ба мусофирон билетҳо фурӯхта шуда буданд, сурат нагирифтанд.
Тавре ҷониби Тоҷикистон қаблан изҳор намуда буд, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе - Тошканд - Душанбе 20 феврал оғоз мешаванд, вале Тошканд бо ишора ба ҳаллу фасл нашудани масъалаҳои техникӣ, қабули ҳавопайморо рад кард.
Дар навбати худ, парвози ҳавопаймои нахусти ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» аз Тошканд ба Душанбе низ ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд.
Ширкати ӯзбекистонӣ моҳи гузашта дар сомонаи худ доир ба оғози парвози мунтазами ҳавопаймоҳо ба Душанбе аз 4 апрел хабар дода буд. Парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва шанбе пешбинӣ гардида буд.
Чанде қабл дар маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Душанбе сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов дар ин робита изҳор намуд, ки «мо муддатҳо ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанберо интизорӣ доштем ва дар нақша буд, ки имрӯз дар ин ҷо касоне ҳузур хоҳанд дошт, ки бояд бо хатсайри аввалин меомаданд, вале мутаассифона, парвоз тариқи ин хатсайр шояд боз ба як ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд».