Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) истеҳсоли алюминии аввалияро дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32,3 фоиз кам кард.

“Нимсолаи аввал ширкат 49,5 ҳазор тонна (январ-июни соли 2016 - 73,5 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол кард, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли пешин 67,7 фоизро ташкил медиҳад”, - гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.

Бино ба гуфтаи вазир, сабаби аслии коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия корношоям шудани электролизерҳо ҳангоми садама дар тарансформатор мебошад, ки дар истеҳсоли металл истифода мешаванд ва барои барқарор кардани онҳо вақти муайяне лозим буд.

Ғайр аз ин, гуфт дар идома Ҳикматуллозода, ба истеҳсоли алюминиии аввалия саривақт дастрас нашудани кокси нафтӣ таъсир расонид, чунки “таъминкунандаи ин маҳсулот ба мушкилоте дучор гардида буд”.

Таъкид шуд, ки тибқи пешгӯиҳо то охири сол истеҳсоли 148 ҳазор тонна алюминий дар корхона пешбинӣ шуда, раҳбарияти корхона итминон додаст, ки баҳри расидан ба фурсати аздастрафта ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Мувофиқи маълумоти қаблии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, бар асари садамаи моҳи октябри соли гузашта дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ, 40 адад ваннаи электролизии корхона корношоям шуданд. Ҳар кадоме аз ин ваннаҳо 200 ҳазор доллар арзиш дорад. Ҳамин тариқ, он замон зиёни расида ба ТАЛКО аз ин садама беш аз 8 млн. доллар арзёбӣ шуд.

Дар Вазорати саноат коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминийро ҳамчунин ба саривақт дастрас нашудани ашёи хом, кокси нафтӣ ва криолит, ҳамчунин поинравии нархи алюминий дар Биржаи металли Лондон низ нисбат дода буданд.