Раҳбарияти як қатор ташкилотҳои қарзии Тоҷикистонро барои пешниҳод накардани маълумот дар бораи амалиёти шубҳанок бо воситаҳои пулӣ, ки бояд зери назорат бошанд, ҷазо доданд.

Мақомоти судии Тоҷикистон ҳисоботи аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии Бонки мииллиро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳбарони яке аз бонкҳо ва чор ташкилотҳои қарзии хурдро ҷарима бастанд.

Дар ҳисоботи барои соли 2017 нашршудаи Департамент ҷазо гирифтани маҳз кадом ташкилотҳои қарзӣ зикр нашудааст. Ҳаҷми умумии ҷарима 13 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Боз се бонк ва як ташкилоти қарзии хурд барои пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳу нодуруст ба Бонки миллӣ ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Бонки миллӣ ба роҳбарони чор бонк дастур дод, ки бо ҳайати шахсӣ ҷиҳати риояи қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Мутахассисони Департамент дар якҷоягӣ бо мутахассисони дигар Департаменту идораҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷмӯъ санҷиши ҳамаҷониба ва мавзӯии 8 бонк ва 14 ташкилоти қарзии хурдро гузарониданд.

«Дар натиҷа, иҷозатномаи ду ташкилоти қарзии хурд  бозхонд гардида, нисбати 7 ташкилоти қарзӣ чораҳои таъсиррасонӣ дар намуди “Ҷарима” ба маблағи умумии 1 млн. 525 ҳазор сомонӣ  сомонӣ татбиқ гардид», - омадааст дар ҳисоботи Департамент.