Семоҳаи аввали соли равон даромади операторони хусусӣ дар Тоҷикистон 587,8 млн. сомонӣ (ҳамин давраи соли 2017 - 578 млн. сомонӣ)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1,6 фоиз зиёдтар аст, хабар медиҳад дар ҳисоботи худ Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки даромади операторони хусусӣ дар Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2016 коҳиш ёфта буданд. Тибқи маълумоти Агентии омор, аз 2 млрд. 560 млн. сомонӣ дар соли 2014 дар соли 2015 он то ба 2 млрд. 540,6 млн. сомонӣ поин рафта буд. Як соли баъд он боз ба 450 млн. сомонӣ кам шуд - то 2 млрд. 90 млн. сомонӣ.

Соли гузашта ҳаҷми даромади операторони хусусӣ дар муқоиса бо соли 2016 ба миқдори 433 млн. сомонӣ афзуда, ба 2 млрд. 523 млн. сомонӣ баробар шуд.

Дар ҳамин ҳол, даромади умумии операторони хусусӣ ва давлатӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 656 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017 ба андозаи 7,1 фоиз бештар аст.

Ба аввали моҳи апрели соли ҷорӣ шумори корбарони шабакаи Интернет дар ҷумҳурӣ 2,5 млн. нафар ва истифодабарандагони алоқаи мобилӣ - 6, 2 млн. нафарро ташкил дод, ки 4,1 млн. нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.