Қарзи корхонаҳои миёна ва бузурги Тоҷикистон муддати як сол қариб 16,9 млрд. сомонӣ (1,8 млрд. доллар) афзуда, ба нимсолаи аввали ҳамин сол қарзи умумии чунин корхонаҳо ба 45,7 млрд. сомонӣ (беш аз 4,8 млрд. доллар) расид.
“Ба санаи 1 июли соли 2018 ҳаҷми қарзи умумии корхонаҳо (бе назардошти корхонаҳои тиҷорати хурд) аз рӯи уҳдадориҳо 45 млрд. 727,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба санаи 1 июли соли 2017 ба миқдори 16 млрд. 855,5 млн. сомонӣ зиёдтар аст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҶТ.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии уҳдадориҳои қарзӣ назди ин корхонаҳо (қарзи дебиторӣ) ҳамагӣ каме бештар аз 17,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018 каме бештар аз 21 млрд. сомонӣ (2,2 млрд. доллар) муқаррар шуд.
Ҳиссаи корхонаҳои хурду миёнаи зиёновари кишвар аз шумори умумии онҳо қариб 30 фоизро ташкил медиҳад.
Шумори нисбатан зиёди корхонаҳои зиёновар дар бахшҳои саноати коркард, сохтмон, нақлиёт ва алоқа ба қайд гирифта шудааст.
Корхонаҳои аз ҳама бештар қарздор дар Тоҷикистон корхонаҳои бузурги давлатӣ мебошанд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, ҳаҷми умумии қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба аввали нимсолаи соли равон бо назардошти созишномаҳои қарзии сармоягузорӣ беш аз 15 млрд. сомонӣ (1,6 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад, ки ин маблағ ба 23%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли гузаштаи ҷумҳурӣ баробар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.