Беш аз бист адад ҳавопаймоҳои ширкати давлати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” то охири соли оянда ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар Барномаи махсуси дастгирии давлатии ҶСК “Тоҷик Эйр” барои солҳои 2018-2023 қайд мешавад, ки ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” истеҳсоли солҳои 1969-1992 аз тавозун хориҷ шуда, фурӯхта мешаванд.

Муофиқи ин чорабиниҳои ин барнома, фурӯши техника ва таҷҳизот давоми солҳои 2018-2019 ба нақша гирифта шудаааст.

Сабаби чунин тасмимгирӣ “ба охир расидани муҳлати истифода ва нигаҳдорӣ, зиёновар будани барқарор кардан, истифодаи миқдори зиёди сӯзишворӣ нисбат ба ҳавопаймоҳои хориҷӣ, ҳамчунин бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо” шарҳ дода мешавад.

Гуфта мешавад, воситаҳои бадастомада баҳри солимгардонии вазъи молиявии ширкат, харидорӣ ё тариқи лизинг гирифтани ҳавопаймоҳои муосир истифода мешавад.

Рӯйхати ҳавопаймоҳои ба фурӯш гузоштамешудаи “Тоҷик Эйр”

 

1/2

 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.