Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҳавопаймои нави худ - BOMBARDIER CRJ – 200-ро муаррифӣ намуд. Ба наздикӣ ширкат боз 4-то чунин ҳавопаймоҳои истеҳсоли Канадаро дастрас мекунад.

Дар маросими муаррифӣ зикр шуд, ки ҳавопаймо дар доираи амалисозии стратегияи дарозмуҳлати рушд, азнавсозӣ ва тавсеъаи имконоти ширкат ва бо мақсади беҳбуди сифати хизматрасонӣ харидорӣ шудааст.

“Мо харидории боз 4-то ҳавопаймои навъи Bombardier CRJ-ро дар нақша дорем. Ҳавопаймои дуюми Bombardier CRJ-200-ро аллакай то Соли нав дастрас карданием”, - хабар дод директори ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов.

Тавре аз ширкат хабар доданд, BOMBARDIER CRJ – 200 ҳавопаймои муосирест, ки дар шароити номусодии обуҳаво парвоз анҷом дода, барои иқлими минтақаи кишвар муносиб аст. Ҳавопаймо барои парвозҳои миёнамасофа пешбинӣ шудааст. Афзалиятҳои асосии ҳавопаймо: сатҳи баланди сарфакорӣ, муҳаррикҳои пуриқтидор, шароити муносиби бароҳати дохили он. Ҳавопаймо 50 ҷойи нишаст дорад.

“Аз лиҳози парвозҳои миёнамасофа ин ҳавопаймои беҳтарин аст, масалан дар хатсайрҳое чун аз Душанбе то Бишкек, Деҳлӣ ё Урумчӣ”, - қайд кард Хайрулло Раҳимов.
1/8

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл ҳукумати Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҷиҳати ба ихтиёри шахси хусусӣ додани саҳмияҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” омода аст, то ки ширкатро аз муфлисшавӣ наҷот диҳад. Айни замон ҳамаи 100% саҳмияҳои ширкат ба давлат тааллуқ доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.