Наздики 40%-и сементи истеҳсолшуда дар кишварро давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя содирот намуд.

Тӯли ду моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳамагӣ 182 ҳазор тонна семент содирот шудааст, хабар медиҳад Вазорати саноат ва техногияҳои нави ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, аз ҷумла 102 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон ба Ӯзбекистон, 74 ҳазор тонна – ба Афғонистон ва боз 6 ҳазор тонна – ба Қирғизистон фурӯхта шудааст.

Корхонаҳои истеҳсоли сементи Тоҷикистон дар ин давра 468 ҳазор тонна семент истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Истеҳсоли чунин ҳаҷми семент дар соли ҷорӣ ба туфайли фаъолияти пурсамари корхонаҳои “Чунгтсай Моҳир семент” (31,9% аз ҳаҷми умумии истеҳсол), “Хуаксин Ғаюр семент” (26,1 %), “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” (25,9%) таъмин шуд. Ҳиссаи корхонаи “Сементи тоҷик”-и пойтахт ҳамагӣ 6,4% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон тавассути роҳандозии иқтидорҳои нави муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли сементро ба таври назаррас афзуд. Тӯли ҳашт соли охир сармоягузорони Чин ба Тоҷикистон дар қариб даҳ баробар зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли семент кумак карданд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи онҳо наздики 5 млн. тонна арзёбӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.