Ташкилоти қарзии хурди “Алиф-Капитал”-и Тоҷикистон ширкати молӣ-технологии худро дар Ӯзбекистон боз кард. Он айни замон дар Тошканд кор карда, минбаъд фаъолияташро дар минтақаҳои дигари ҳамсоякишвар низ роҳандозӣ карданист.
ТҚХ “Алиф-Капитал” дар Ӯзбекистон ширкат таъсис додааст, то ки аз тартиби имтиёзноки андозбандӣ дар Маркази иннноватсионии Мирзо-Улуғбек (MUIC) барои ширкатҳои минтақа дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ истифода кунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Алиф-Капитал” дар Тошканд хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон “Алиф” дар Тошканд дар соҳаи POS-маблағгузорӣ кор карда, бо истифода аз таъминоти барномавӣ, ҳамчунин мағозаи онлайни alifshop.uz ба мағозаҳои маҳаллии электронӣ ҷиҳати фурӯши маҳсулот бо таъхири муҳлати пардохт шароит фароҳам меорад.
“Ҳозир мо бо ширкати Arena Markaz, ки дорои шабакаи муосири электронист, ҳамкорӣ дошта, минбаъд фурӯши таъминоти барномавиамон ё ба мо фурӯхтани маҳсулотро пешниҳод хоҳем кард. Айни замон “Алиф” дар Ӯзбекистон таҳвилгари таъминоти барномавӣ ва POS-молиягузор аст”, - гуфтанд дар ширкат.
Дар “Алиф Каритал” бар ин назаранд, ки ширкат ба ҳузури минтақавӣ майл дошта, Ӯзбекистон бо 34 млн. аҳолиаш барои оғози густариши фаъолият дар минтақа майдони хуб аст .
Таъкид шуд, ки Тошканд истеъмолгари бузургтарини ҳамсоякишвар мебошад, аммо вақте дар ширкат эҳсос карданд, ки хизматгузорӣ дар пойтахт хуб шудааст ва пойгоҳашон ба таври кофӣ тақвият ёфтааст, фаъолият ба самтҳои дигари Ӯзбекистон низ равона хоҳад шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.