Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон 165 млн. доллар камтар аз нақша маблағ ворид шуд, ки 7,2% аз даромадҳои пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии буҷет давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон 20 млрд. 568 млн. сомонӣ ё худ 92,8% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил дод.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, сабаби ба ин миқдор кам шудани воридоти маблағ ба буҷет дар он аст, ки нақшаи ҷамъоварии чанде аз навъҳои андоз иҷро нашудааст.
Ба иттилои Вазорати молия, иҷрои маблағҳои пешбинишуда аз пардохти андозҳо аз даромад, фоида, андози иҷтимоӣ, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), реҷаи махсуси андоз ва аксизҳои дохилӣ муяссар нашудааст.
Ҳиссаи воридоти маблағ аз пардохти андоз дар ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷети кишвар наздики 70%-ро ташкил медиҳанд.
Қаблан зикр гардида буд, ки давоми солҳои 2019-2021 ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, маблағи воридоти андозҳо ба буҷети давлатиро ҳамасола ба андозаи 10% зиёд кунад.
Дар қонуни аз ҷониби парлумон қабулшуда “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” иҷрои нақшаи даромадҳо аз ҳисоби воридоти андозҳо дар ҳаҷми 17,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети имсола 1,6 млрд. сомонӣ бештар аст.
Афзоиши ҳаҷми воридоти андозҳо асосан аз ҳисоби баланд кардани ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда (512 млн. сомонӣ бештар аз соли равон), андоз аз фоида (232 млн. сомонӣ зиёдтар) ва андоз аз даромад (230 млн. сомонӣ бештар) пешбинӣ шудааст.
Охири моҳи октябр Кумитаи андоз ба вазорату идораҳои дахлдор мактуб ирсол кард, ки дар он сарчашмаҳои нави пур кардани буҷет аз ҳисоби пардохти андоз пешниҳод мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.