Ҳукумати Ӯзбекистон бо гузашти се ҳафта боз воридоти сементро ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар иҷоза дод.
“Пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ, Вазорати сохтмон ва Ассотсиатсияи “Узпромстройматериал” дар бораи аз 25 май барқарор кардани воридоти маҳсулоти сементӣ маъқул дониста шавад”, - гуфта мешавад дар қарори рӯзи 22 май қабулшудаи Девони вазирони Ӯзбекистон.
Манъи воридоти ни навъи масолеҳи сохтмон аз 1 май то 31 декабри соли 2020 бо қарори охири моҳи апрел қабулшудаи Девони вазирони ин кишвар ҷорӣ гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, дар ин санад зикр гардида буд, ки Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ дар сурати зарурат бо назардошти вазъ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷараёни паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ, метавонад пеш аз муҳлат қатъ шудани ин маҳдудиятро пешниҳод намояд.
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон харидори асосии сементи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба шумор меравад.
Тибқи маълумоти Вазорати саноати ҷумҳурӣ, соли 2019 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳудуди 900 ҳазор тонна семент содирот шудааст.
Ин нишондиҳанда чоряки содирот аз ҳаҷми умумии сементи ба хориҷи кишвар содиротшудаи корхонаҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Даромад аз фурӯши ин навъи масолеҳи сохтмон ба кишвари ҳамсоя ба зиёда аз 50 млн доллар баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.