Рушди савдои хориҷӣ нишонаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамгироии кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгӯй будани заминаи қонунгузории он мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо номгӯйи васеи молу маҳсулоти содиротӣ, талошҳо барои муаррифӣ ва пешбурди он дар бозорҳои байналмилалӣ, бо истифода аз воситаҳои иттилоотӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва ярмаркаҳои гуногун шарти асосӣ мебошад.
Яке аз воситаҳое, ки дастрасии озод ба номгӯйи маҳсулоти содиротӣ, қоидаҳои ҳамлу нақл, идоракунии сифат ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсолиро муаррифӣ мекунад, Портали савдои Тоҷикистон мебошад, ки 26-уми апрели соли 2019 расман мавриди истифода қарор гирифт. Портали мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва дигар шарикони рушд, аз ҷумла Маркази байналмилалии тиҷорат, Конференсияи СММ оид ба савдо ва рушд, Барномаи рушди СММ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳия шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, Портали савдо таъсис дод, ки дар он дар бораи расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ бо 3 забон маълумоти муфассал пешниҳод мешавад.
Барои хоҳишмандони роҳандозии муносибатҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон бахши “Истеҳсолкунандагони ватанӣ” муҳим аст, ки дар он рӯйхати корхонаҳои содиркунандаи маҳсулоти саноатӣ бо ишораи суроға ва воситаҳои робита бо онҳо зикр шудааст.
Айни замон дар ин бахш 52 корхонаи Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, ки маҳсулоташонро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд. Номгӯй аз наздики 500 навъи маҳсулот иборат аст. Маълумоти бахши болозикр мунтазам таҷдид гардида, аз ҷониби мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммалу васеътар мешавад.
Қисмати аз ҳама серталаб барои корбарон “Расмиёт” мебошад, ки бо истифода аз он метавон аз ҳамаи занҷира ва зинаҳои амали зарурӣ барои татбиқи нақшаҳои тиҷоратии худ огоҳ шуд.
Бо ворид кардани номи маҳсулот корбар метавонад дар бораи расмиёти содиротию воридотӣ ё транзитӣ, рӯйхати муассисаҳои ба он ҷалбшуда маълумоти мухтасар пайдо кунад. Дар ҳамин ҳол, муассисаҳо бо номи пурра, суроға ва ишораҳо, аз қабили муроҷиат бо кадом ҳуҷҷатҳо ва аз рӯйи кадом масъала зикр шудаанд.
Дар ҳамин ҷо нақшаи амали пай дар пай ва дастурҳо дар бораи он пешниҳод шудаанд. Дар ин қисмат арзиши тахминии ҳамаи хизматрасониҳо ва анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин доираи муҳлатҳои иҷрои амал нишон дода шудааст.
Истифода аз як гӯшаи дигари бахш ба мустақилона муайян кардани зарурати ин ё он маҳсулот ба ҳуҷҷати иҷозатномавӣ бо шумули сертификати мутобиқат, сертификати асли пайдоиши мол имкон медиҳад.
Дар маҷмӯъ портал доир ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитии 53 гурӯҳи молӣ, аз ҷумла 20 расмиёти содиротӣ, 30 расмиёти воридотӣ ва 3 расмиёти транзитӣ маълумот пешниҳод мекунад, ки зиёда аз 1500 номгӯйи молу маҳсулотро дар бар мегирад.
Ҳамзамон дар портал дар бораи расмиёти кор дар қаламрави гумрукӣ ва берун аз ҳудуди он, реэкспорт ва реимпорт, воридоти муваққатӣ ва расмиёти махсуси гумрукӣ маълумот дода мешавад.
Дар дигар қисмати Портали савдо ду пойгоҳи маълумоти омории созмону ташкилотҳои байналмилалӣ нашр шудааст. Ин маълумоти васеъ таваҷҷуҳи ҳам иштирокчиёни ватанӣ ва ҳам хориҷии муносибатҳои тиҷоратӣ, инчунин коршиносони соҳаи иқтисодро ҷалб мекунад.
Дар сомона ҷойгир кардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимгари фаъолияти савдои хориҷӣ, дастуру қоидаҳои мухталифи зарурӣ барои пур кардани эъломияҳои гумрукӣ ва қоидаҳои транзит аз ҷумлаи афзалиятҳои Портали савдо ба шумор меравад.
Қисмати Портали савдо бо номи “Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо” дар бораи фаъолияти ин сохтор маълумот медиҳад, ки яке аз муфидтарин платформа барои ҳалли мушкилоти намояндагони бахши хусусӣ ва ба даст овардани фоида аз ҷорисозии механизмҳои нав дар мавриди соддагардонии расмиёти савдо дониста мешавад.
Илова ба ин дар портал дастури видеоӣ оид ба тарзи истифодаи онро метавон дарёфт кард, ки дар он ҳамаи ҷузъиёти корбурди пурсамари Портали савдои Тоҷикистон зикр шудааст.
Қобили зикр аст, ки мутахассисони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Конференсияи СММ оид ба савдо ва рушд имкони ҷойгиркунии пешниҳодҳои содиротии намояндагони бахши хусусиро, ки Портали савдо пешкаш мекунад, хеле муфид арзёбӣ мекунанд.
Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Конференсияи СММ оид ба савдо ва рушд чанде қабл натиҷаҳои арзёбии савдо ва сармоягузориро дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2019 нашр карданд. Дар ин раддабандӣ (рейтинг) фаъолияти Портали савдои Тоҷикистон баланд арзёбӣ шуда, онро платформаи (замина) намунавӣ барои коҳиши вақту хароҷот дар содироту воридот ва транзит, инчунин соддагардонӣ ва шаффофият дар тадбирҳои ғайритиҷоратӣ номидаанд.
Ҳамин тавр, Портали савдои Тоҷикистон, ки маълумот дар бораи расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, номгӯйи маҳсулоти содиротӣ, зикри расмиёти зарурӣ, инчунин қонунгузории амалкунанда ва оморӣ пешниҳод мекунад, барои соҳибкорон равзана ба ҷаҳон мебошад. Солҳои наздик Портали савдои Тоҷикистон баҳри афзоиши миқёси савдои хориҷии кишвар мусоидат хоҳад кард.