Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд натиҷаи арзёбии соҳаҳои савдо ва сармоягузории кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2019-ро нашр кард. Дар он Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарин ва дастоварди муҳим миёни кишварҳои минтақа пазируфта шуд.
Дар нашрияи қайдгардида ба Портали савдои Тоҷикистон, ки расман 26-уми апрели соли 2019 мавриди амал қарор гирифт, ҳамчун платформаи намунавӣ барои кам кардани вақт ва хароҷот ҳангоми содирот, воридот ва транзит, инчунин содда ва шаффоф гардонидани чораҳои ғайритарифӣ дар савдо баҳои баланд дода шудааст.
Коршиносони созмонҳои мазкур иштироки бахши хусусӣ ва ҷойгирсозии пешниҳодоти онҳоро дар Портали савдои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, барои расидан ба рушди босуботи иқтисодӣ ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусиро яке аз самтҳои калидӣ меҳисобанд.

Айни замон дар Портал маълумот оид ба расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитии 51 гурӯҳи номгӯйи молӣ баробар ба зиёда аз 1500 молу маҳсулот, аз ҷумла, расмиёти содиротии 19 номгӯйи маҳсулот, расмиёти воридотии 30 номгӯйи маҳсулот ва расмиёти транзитии 2 номгӯйи маҳсулот ҷойгир карда шудааст.
Инчунин дар Портали савдои Тоҷикистон маълумоти оморӣ оид ба имконоти содиротии кишвар, давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти савдои хориҷӣ ҷой дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 5
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста